Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чун субҳ дорам аз чамани ранги ҷастае

Чун субҳ дорам аз чамани ранги ҷастае Гарди шикастае, ба ҳаво нақшбастае. Гул кардаам зи мисраи барҷастаи нафас Як сакта дар димоғи тааммул нишастае. Хун мехӯрам зи дарди дилу дам намезанам, Тарсам, бинолад обиладарпошикастае. Чун ман надорад оинадори бисоти ранг Шерозаи мижа ба таҳайюр гусастае. Не гарди маҳмилест дар ин дашту не ҷарас, Меболад аз ҳавас дили бедору хастае. Гардун чӣ ҷомҳо, ки ба гардиш надоштаст Бар дастгоҳи шишаи гарданшикастае. Ошуфтагӣ ба ҳайъати мо мехӯрад қасам, Кам баста рӯзгор ба ин ранг дастае. Сайёди парфишонии авқоти фурсатем, Нахчири мост ҳар нафас аз хеш растае. Бедил, наметавон ҳама дам зери осмон Сар кӯфтан ба ҳовани гумкардадастае.