Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар зиндагӣ нагаштам манзури ошное,

Дар зиндагӣ нагаштам манзури ошное, Афтад магар ба хокам чашме зи нақши пое. Ҳамкисвати ҳубобам, урёниям ниҳон нест, Чун ман надорад ин баҳр шахси тунукридое Баъд аз фано ғуборам шӯри қиёмат ангехт, Бар хоки ман ситам кард фарёди сурмасое. Хони маоли ҳастӣ ибратнасибие дошт, Шуд сер ҳар кас ин ҷо аз хӯрдани қафое Дар коргоҳи таҷдид ҳайрони рангу бӯ бош, Чандин баҳор дорад гулзори бевафоӣ. Мино нахӯрда бар санг, кам раст аз дили танг, Паҳлу тиҳӣ кун аз хеш, дар базм нест ҷое. Кайфияти мурувват дар чашми дӯстон нест, Мижгон магар бибанданд, то гул кунад ҳаёе. Ҷуз ибрате ки дорем, дигар чӣ вонамоем? Оина кард моро найранги худнамое. Ҷое ки нотавонаш афтода хас ба дандон Ангушти зинҳор аст, гар қад кашад асое. Ҳиммат зи тарки дунё бар қадри худ чӣ нозад? Мижгон баланд шуд, лек миқдори пушти пое. Ҷайби даридаи субҳ мактуби ин паём аст, К-эй бехабар, чунин бош, дунёст хандаҷое. Асрори пардаи дил мафҳуми ҳозирон нест, Бедил, зи дур дорем дар гӯши ҳам садое.