Даме ки аҷз шавад дастгоҳи бекорӣ,
Даме ки аҷз шавад дастгоҳи бекорӣ,
Гиреҳкушоии нохун расад ба сархорӣ.
Миёни огаҳию роҳат аст безорӣ,
Зи ҷавҳар оинаҳорост доми бедорӣ.
Дамидааст зи занҷири бол ваҳшати мавҷ,
Бувад раҳоии ман дархури гирифторӣ.
Касе мабод асири шиканҷаи ифлос,
Ки одамӣ ба сари дор беҳ зи нодорӣ.
Зи лавҳи соя ҷуз ин ҳарф сархате надамид,
Ки поймоли ҷаҳонанд аҳли бекорӣ.
Чу барги лола сиёҳӣ зи доғи мо наравад,
Ба чашми ахтари мо нест ранги бедорӣ.
Ба қадри тафриқаи дил шукуфтаноҳангем,
Ҷунунбаҳории мо дошт ранги душворӣ.
Муқими олами таслим бошу роҳат кун,
Баланду пасти ҷаҳон соярост ҳамворӣ.
Чунон мабош, ки дар чашми мардум аз ҳасадат
Мижа ба каждумӣ афтад, нигаҳ кунад морӣ.
Чу гул баҳори нишотат далели бедардист,
Хуш он, ки хун шавию ранги дард бардорӣ.
Чу зарра ҳастии ман кош бенишон мебуд,
Хиҷил зи нестиям кард ҳеҷмиқдорӣ.
Ба гиря ирзи
румузи вафо мабар, Бедил,
Бароти дида макун фазлаи ҷигархорӣ.