Дуӣ ҳавас накунӣ, сӯи худ назар накушоӣ,
Дуӣ ҳавас накунӣ, сӯи худ назар накушоӣ,
Даруни хонаат оина аст, дар накушоӣ.
Ба ҷаҳд боз нагардад румузи пардаи ашё,
Магар даме ки муаммои хайру шар накушоӣ.
Чу чашм сурати аҳдат ба як қарор намонад,
Чӣ мумкин аст, ки шаб бандию саҳар накушоӣ?
Фусурдагӣ натавон чид дар ҷаҳони тараддуд,
Чу мавҷ агар ҳама гавҳар шавӣ, камар накушоӣ
Зи гиря манъи дили хаста бӯи раҳм надорад,
Раги бурида мукаррар ба нештар накушоӣ.
Дар ин аламкада пеш аз хаёли чашм кушудан,
Чу дуди шамъ муҳол аст, мӯи сар накушоӣ
Гули муроди ду олам дар ин баҳори таманно
Ба доманест, ки дар пеши якдигар накушоӣ.
Тааммул ин қадар афкандааст уқда ба корат,
Кушуда аст дар аз шаш ҷиҳат, агар накушоӣ.
Зи сози ибрати имкон ҷуз ин садо нашунидам,
Ки эй ситамзада, зинҳор, гӯши кар накушоӣ.
Фузулии ҳавасат танг кард кунҷи қаноат,
Қафас фишор надорад, агар ту пар накушоӣ.
Ба аҷзи тоқати хешат бас аст чашм кушудан,
Ба нохуне ки надорӣ, зеҳи
дигар накушоӣ.
Чӣ мумкин аст илоҷи дили гирифтаи Бедил?
Агар муҳит шавӣ, уқдаи гуҳар накушоӣ.