Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ДАР СӮГИ ҶАНГАЛ
Бикшо дари сарои ба оташ кашидаро, То бишнавӣ садои ба оташ кашидаро. Боди шабона дар кафани дуд мебарад, Лабханди ғунчаҳои ба оташ кашидаро.
УҚОБИ ЗАХМИИ ДАВРОН
Ватан, баъд аз Худо, номат маро вирди забон бодо! Шароби сурхи савдоят ба рагҳоям равон бодо! Ало, эй шаҳри Кобул, эй уқоби захмии даврон, Ҳумои бахтро бар гӯша
ПАЁМБАРИ БОРОН
Биё, ки бо ту бигӯям даме ҳикояти гул, Ба марги ғунча зи андуҳи бениҳояти гул. Бигӯямат, ки ба фасли фиреб дар гулзор, Чӣ кард лашкари сармо ба зери рояти гул?
МАЪБАДИ БЕКАСӢ
Лабаш чун ба шӯхӣ табассум кунад, Ҷунун оламеро ба худ гум кунад. Ба он нозукӣ ғунча натвон шукуфт, Ба ранге, ки он гул такаллум кунад.
ФАРЗАНДИ МУҲИТ
На зи қайд дар ҳаросам, на зи дор мегурезам, Ҳама тан тапиш чу мавҷам зи қарор мегурезам. Нафасе нашуд, ки фориғ бинишинам аз табу тоб, Зи нишастану фусурдан чу
ДАРДИ ЗИНДА БУДАН
Дар кӯи майфурӯшон ҳушёр кас мабодо! З-осеби ақл вайрон, зинҳор кас мабодо! Ҷое, ки ҳамнишинон дар хоби ноз ғарқанд Бор, эй Худо, дар он ҷо бедор кас мабодо!
АРӮСӢ
То пеши лаълҷомон паймонаро арӯсист, Аз ҷӯши майпарастон хумхонаро арӯсист. Дар роҳи шавқ ошиқ аз ҷон намеҳаросад, Чун шамъ шӯъла гирад, парвонаро арӯсист.
ОЗОД
Нест як лаҳза, ки аз хотири ношод равӣ, Ба чӣ машғул кунам, дида, ки аз ёд равӣ? Ҷодаи умр пур аз сангу ту побанди ҳавас, Бигсал ин банд зи по то чу ман озод ра
САДАФ
Ҳама ҷо дукони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад, Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад. Ба карашмае нигоҳаш дили содалавҳи моро Чӣ ба ноз мерабояд, чӣ қашанг
ҚИССАПАРДОЗ
Дӣ шаб, ки то саҳаргаҳ, бо ёр қисса гуфтам, Ӯ хобу ман ба пояш, бедор қисса гуфтам. Чун чашмае, ки ҷӯшад дар бешае шабонгоҳ, Оҳиста гиря кардам, ҳамвор қисса гу
МАРДОН ВА НОМАРДОН
Эй дил, марав сӯи хатар, гар меравӣ, ларзон мабош! Аз раҳзанон ғофил машав, аз душманон тарсон мабош! Чун бо касе ҳамраҳ шудӣ, аз нимаи раҳ барнагард, Чун аз па
ХОМАИ БЕҲЗОД
Бо ҳар диле, ки шод шавад, шод мешавам, Обод ҳар кӣ гашт, ман обод мешавам. Дар дом ҳар кӣ рафт, шарики ғамаш манам, Аз банд ҳар кӣ раст, ман азҳод мешавам.
АРМУҒОН
Боз аз ишқат ҳадисе бар забон овардаам, Шамъсон оташ ба лаб ҷои фиғон овардаам. Гуфтӣ: «Ҷонатро ба лабханде ситонам, гар диҳӣ», Ман ба қурбони лабонат, ройгон о
ДОҒИ ТАМАННО
Мастию шӯриши дарё, на ту дорию на ман, Шӯхии мавҷи гуҳарзо, на ту дорию на ман. Бояд, эй ғунча, дар ин боғ зи шарм об шавем, Лоласон доғи таманно, на ту дорию
МЕРАВАМ
Зи дил то ба мижгони тар меравам, Чу ашк ин қадарҳо сафар меравам. Бувад вақфи як ханда умри чу барқ, Ба мижгон задан аз назар меравам.
РАҲБАРИ КОМИЛ
Ба соҳибдилон зиндагӣ мушкил аст, Дареғо, бар он кас, ки соҳибдил аст. Ба авҷи саодат фалак мебарад, Касеро, ки аз ҷаҳл по дар гил аст.
БА ДИЛБАР
Эй духтари нозанини қадрас, Зебанда туро либоси атлас. Ҷононаи ман фақат туӣ бас, Парво накунам зи ғайбати кас,
Намебошад дили маъюс бе кайфияти нозе,
Намебошад дили маъюс бе кайфияти нозе, Парӣ з-ин базм дур аст, эй шикасти шиша, овозе! Ба таскини дили бетоби мо умрест, механдад Шарархӯ луъбате, дар хонумонҳо
Нафас дар талаб сӯхтӣ, дил надидӣ,
Нафас дар талаб сӯхтӣ, дил надидӣ, Ба Лайлӣ чӣ дорӣ, ки маҳмил надидӣ? Ба шабгир фарсуд чун шамъ ваҳмат, Ба зери қадам буд манзил, надидӣ.
Нашуд ҳиҷоби хаёлам ғубори ҷисмонӣ,
Нашуд ҳиҷоби хаёлам ғубори ҷисмонӣ, Ҳубобро таҳи пироҳанаст урёнӣ. Ҷуз ин қадар нашуд аз сарнавишти ман зоҳир, Ки саҷда мечакадам чун нигин зи пешонӣ.
Набарӣ гумон, ки муфте ба Худо расида бошӣ,
Набарӣ гумон, ки муфте ба Худо расида бошӣ, Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ? Сарат ар ба чарх сояд, нахурӣ фиреби иззат, Ки ҳамон кафи ғуборӣ, ба ҳ
Мушкил, аз ҳарзадавӣ ҷуз ба табутоб расӣ,
Мушкил, аз ҳарзадавӣ ҷуз ба табутоб расӣ, По ба доман нашикастӣ, ки ба одоб расӣ. Махмали коргаҳи ғафлатӣ, эй беҳосил, Саъйи бедорият ин бас, ки ту то хоб расӣ.
Гар нест дар ин майкадаҳо даври тамоме,
Гар нест дар ин майкадаҳо даври тамоме, Қонеъ чу ҳилолем ба нисфи хати ҷоме. Дар мулки қаноат ба маҳу меҳр мапардоз, Гар нони шабе ҳасту чароғи сари шоме.
Гар эътибор начидӣ бисоти фахрписандӣ,
Гар эътибор начидӣ бисоти фахрписандӣ, Арақ ба ҷабҳа намебаст инфиоли баландӣ. Ба ваҳм чашмат агар боз шуд, куҷост шуурат? Ба ин ду сифр яке сад шудӣ, на чуну н
Гар дар ин қаҳтсароят накунад нон мададе,
Гар дар ин қаҳтсароят накунад нон мададе, На ҷасад ранги нумӯ гираду не ҷон мададе. Сарсарӣ нагзарӣ, эй бехабар, аз уқдаи дил, Гар зи нохун нашавад кор, ба данд

