Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МАРДОН ВА НОМАРДОН

Эй дил, марав сӯи хатар, гар меравӣ, ларзон мабош! Аз раҳзанон ғофил машав, аз душманон тарсон мабош! Чун бо касе ҳамраҳ шудӣ, аз нимаи раҳ барнагард, Чун аз паи мардон равӣ, дигар зи номардон мабош! Душман агар ҷонат диҳад, бо ӯ дами ёрӣ назан, Дар дӯстӣ гар ҷон диҳӣ, аз дӯст рӯгардон мабош! Гар ошиқи мастонаӣ, зуҳди риёиро бисӯз, В-ар ҳамнишини зоҳидӣ, дар ҳалқаи риндон мабош! Боди баҳорон шав, ки то дар мақдамат гул бишкуфад, Чун гирдбоди ҳарзагард, дар дашт саргардон мабош! Ҳамдасти мо гар мешавӣ, пои каси дигар магир, Бо дӯст чун паймон кунӣ, бо ғайр ҳампаймон мабош! Фонӣ, ба кеши ошиқон дар фикри худ будан хатост, Ё аз сару ҷон даргузар, ё ошиқи ҷонон мабош!