ХОМАИ БЕҲЗОД
Бо ҳар диле, ки шод шавад, шод мешавам,
Обод ҳар кӣ гашт, ман обод мешавам.
Дар дом ҳар кӣ рафт, шарики ғамаш манам,
Аз банд ҳар кӣ раст, ман азҳод мешавам.
Бинам ,агар ки боли фиғон дар диле шикаст,
Ман бар лабаш нишаставу фарёд мешавам.
Бо ин набарди сахт, ки бо сахраҳо кунам,
Рӯзе ҳарифи тешаи Фарҳод мешавам.
То хубтар баён кунам, эй зиндагӣ туро,
Табъи Хаёму хомаи Беҳзод мешавам.
Чун бӯи гул, ки гоҳи шукуфтан шавад падид,
Ман аз миёни шеъри худ эҷод мешавам.
Фонӣ, ба пои ҳеҷ касе хам нашуд сарат,
Охир ман аз ғурури ту барбод мешавам.