Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Нашуд ҳиҷоби хаёлам ғубори ҷисмонӣ,

Нашуд ҳиҷоби хаёлам ғубори ҷисмонӣ, Ҳубобро таҳи пироҳанаст урёнӣ. Ҷуз ин қадар нашуд аз сарнавишти ман зоҳир, Ки саҷда мечакадам чун нигин зи пешонӣ. Чу шамъ доми умедест саъйи парвозам, Сазад, ки ранги қафас резам аз парафшонӣ. Ба хок то нашавад сози мовуман ҳамвор, Нафас намегузарад аз талоши сӯҳонӣ. Зи печутоби нафас оламе ҷунунқафас аст, Чу гирдбод ту ҳам даста кун парешонӣ. Сафаргузида ба фикри ватан чӣ пардозад? Дубора мурғ нагардад ба байза зиндонӣ. Навои айши ту то риштаи нафас дорад, Зи сатри нусхаи занҷир нола мехонӣ. Ба марг низ ҳамон ҳубби ҷоҳи халқ ба ҷост, Магар ҳумо барад аз устухон гаронҷонӣ. Гудози мо чу нигаҳ он суи нам афтодаст, Дилу димоғи чакидан ба ашк арзонӣ. Ғубори касрати имкон ҳиҷоби ваҳдат нест, Шукӯҳи шуъла ба хошок чанд пӯшонӣ? Ҷунун ба кисвати номус ҷилваҳо дорад, Чу ашк оина сайқал мазан зи урёнӣ. Чу хома гар ба хамӯшӣ ба сар барӣ, Бедил, Ту низ рози дили халқ бар забон ронӣ.