БА ДИЛБАР
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.
Ҷононаи ман фақат туӣ бас,
Парво накунам зи ғайбати кас,
Доим зи паят қадам гузорам.
Рӯят, ки ҳамеша лоларанг аст,
Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.
Мардум ба ҷамоли ту гаранг аст,
Аҳволи асири ишқ танг аст,
Ман дода зи даст ихтиёрам.
Аз нутқи Долорес Ибаррури.
Эй дилбари шӯхи бефаранҷӣ,
Як гап ба ту мезанам, наранҷӣ,
Охир, зи кадом кони ганҷӣ?
Маҳсули кадом дасти ранҷӣ?
К-аз ҳастии ту дар ифтихорам.
Ёро, чӣ шавад ки гоҳ-гоҳе
Бо гӯшаи наргиси сиёҳе
Созӣ суи ошиқон нигоҳе?
Донӣ ту магар, ки ҳеҷ гоҳе
Дар ҳаҷри ту тоқате надорам?
Ҷононаи офтоб – партав,
Аз талъати хеш, эй маҳи нав,
Партавфикани ҳаёти мо шав,
Мебош ба мо рафиқу пайрав,
То ҷон ба ишорате супорам.