Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

САДАФ

Ҳама ҷо дукони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад, Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад. Ба карашмае нигоҳаш дили содалавҳи моро Чӣ ба ноз мерабояд, чӣ қашанг мефурӯшад. Шараре бигиру оташ ба ҷаҳон бизан ту, эй оҳ, Зи шарорае, ки ҳар шаб дили танг мефурӯшад. Ба дукони бахти мардум кӣ нишастааст, ё Раб? Гули ханда меситонад, ғами ҷанг мефурӯшад. Дили кас ба кас насӯзад ба муҳити мо ба ҳадде, Ки ғизол чӯҷаашро ба паланг мефурӯшад! Мудатест кас надида гуҳаре ба қулзуми мо, Ки садаф ҳар он чӣ дорад, ба наҳанг мефурӯшад. Зи танури табъи Фонӣ ту маҷӯ суруди ором, Маталаб гул аз дуконе, ки туфанг мефурӯшад.