Мушкил, аз ҳарзадавӣ ҷуз ба табутоб расӣ,
Мушкил, аз ҳарзадавӣ ҷуз ба табутоб расӣ,
По ба доман нашикастӣ, ки ба одоб расӣ.
Махмали коргаҳи ғафлатӣ, эй беҳосил,
Саъйи бедорият ин бас, ки ту то хоб расӣ.
Он қадар бар дари изҳор мабар ҳоҷати хеш,
Ки ба хиффаткадаи миннати аҳбоб расӣ.
Рамзи иқболи ҷаҳон вокашӣ аз идбораш,
Гар ба шогирдии шогирди расантоб
расӣ.
Миннатолуд макун чораи захми дили кас,
Тарсам, аз марҳами кофур ба маҳтоб расӣ.
Бе арақ нест дил аз ҳиҷлати таъмири ҷасад,
Бармадор он ҳама ин хок, ки то об расӣ.
Моҳии қулзуми ҳирс оби дигар мехоҳад,
Аташат
кам шавад он дам, ки ба қуллоб расӣ.
Сайри ин баҳр далели сабақи ибратҳост,
Гирди худ гард, замоне ки ба гирдоб расӣ.
Нашъапаймоии кайфияти ток осон нест,
Во шавад уқдаи дил, то ба майи ноб расӣ.
Хатми ғаввосии дарёи яқинат ин аст,
Ки зи ҳар қатра ба он гавҳари ноёб расӣ.
Восили Каъбаи таҳқиқ адабкӯшонанд,
Сарбазону надавидӣ, ки ба меҳроб расӣ.
Роҳе аз мақсади бисмил накушудӣ, ҳайҳот,
То ба завқи талаби Бедили бетоб расӣ.