Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

УҚОБИ ЗАХМИИ ДАВРОН

Ватан, баъд аз Худо, номат маро вирди забон бодо! Шароби сурхи савдоят ба рагҳоям равон бодо! Ало, эй шаҳри Кобул, эй уқоби захмии даврон, Ҳумои бахтро бар гӯшаи бомат макон бодо! Бару бумат сафо аз лавси бадхоҳону бадкешон, Гиребонат раҳо аз панҷаи Аҳриманон бодо! Зи хуни навҷавононат мабодо лолагун санге, Агар рангин шавад кӯҳат, зи ҷӯши арғавон бодо! Нарезад гарди ғам, ё Раб, ба кӯҳу дашти Гардезат, Ба Лугар мутриби мастона дар шӯру фиғон бодо! Бисоти якдилӣ ҳамвор зери токи Парвонат, Зулоли зиндагӣ ҷорӣ ба банди Бомиён бодо! Ало, эй Ҳиндукуш, эй сарфарози паҳнаи торих, Сари озодаат аз дасти душман дар амон бодо! Ало, эй Ҳирманд, эй қиссагӯи пири давронҳо, Хурӯши нағмаи мастӣ ба мавҷат ҷовидон бодо! Ало, эй Қандаҳор, эй марзу буми қаҳрамонпарвар, Ба бомат хирқаи поки Муҳаммад соябон бодо! Ало, эй Балхи бумӣ, дар(р)аву дашту дару бомат, Зи файзи равзаи шоҳи вилоят чун ҷинон бодо! Ало, эй Ғазна, эй хокат зиёратгоҳи дарвешон, Муҳибонро дар он водӣ Саноӣ мизбон бодо! Ало, шаҳри Ҳарӣ, пои аҷониб аз ту кӯтаҳ бод, Равони Хоҷаи Ансор он ҷо посбон бодо! Ало, эй Нангаҳор! Эй маъмани Сайид Ҷамолиддин, Ба боғистони норинҷат, ғиреви булбулон бодо! Ало, эй миллати хомӯши дар хун хуфтаи афғон, Забони хомаи шоир шуморо тарҷумон бодо!