ПАЁМБАРИ БОРОН
Биё, ки бо ту бигӯям даме ҳикояти гул,
Ба марги ғунча зи андуҳи бениҳояти гул.
Бигӯямат, ки ба фасли фиреб дар гулзор,
Чӣ кард лашкари сармо ба зери рояти гул?
Аҷаб мадор ба тороҷ гар равад ин боғ,
Ки ҳеҷ даст наҷунбид дар ҳимояти гул.
Бас аст ҳарзадавиҳо, чаман ба ғорат рафт,
Ба гӯши бод бигӯед ин шикояти гул.
Зи боргоҳи худои баҳор омадаам,
Манам паёмбари борон, қасам ба ояти гул.
Расидаам, ки ба Фиръавни бод бистезам,
Касе, ки он ҳама хун рехт дар валояти гул.
Чу гарди ҳодиса аз рӯи бод бистурдам,
Равам ба минбари абрӯ, кунам ҳидояти гул.
Инони хома нигаҳ дор пеш аз ин, Фонӣ,
Сухан дурушт чи гӯӣ, бикун риояти гул.