Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МАЪБАДИ БЕКАСӢ

Лабаш чун ба шӯхӣ табассум кунад, Ҷунун оламеро ба худ гум кунад. Ба он нозукӣ ғунча натвон шукуфт, Ба ранге, ки он гул такаллум кунад. Ду чашмаш диламро навозиш диҳанд, Нигоҳаш ба ҷонам тазаллум кунад. Фазои дили тангу ашкам равост, Агар ноз бар чарху анҷум кунад. Дигар айши риндон набинад халал, Кунун муҳтасиб хидмати хум кунад. Хуш он дил, ки дар маъбади бекасӣ, Ба хоки ду олам таяммум кунад. Ғами мо бувад, Фонӣ, аз дасти дил, Дуъо кун, ки дилро Худо гум кунад.