ФАРЗАНДИ МУҲИТ
На зи қайд дар ҳаросам, на зи дор мегурезам,
Ҳама тан тапиш чу мавҷам зи қарор мегурезам.
Нафасе нашуд, ки фориғ бинишинам аз табу тоб,
Зи нишастану фусурдан чу шарор мегурезам.
Агарам ба шона чун кӯҳ биниҳанд борҳоро,
На зи роҳ хаста гардам, на зи бор мегурезам.
На парам зи шӯъла сӯзад, на ба пои ман халад хор,
На зи шӯъла бок дорам, на зи хор мегурезам.
Манам он ягона тифле, ки муҳит модарам шуд,
Сари санг мезанам ғалт, зи канор мегурезам.
Ба наҳиби марг, Фонӣ, наравам зи ҷабҳа берун,
Ба Худо, агар бимирам, зи мазор мегурезам.