Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ДАР СӮГИ ҶАНГАЛ

Бикшо дари сарои ба оташ кашидаро, То бишнавӣ садои ба оташ кашидаро. Боди шабона дар кафани дуд мебарад, Лабханди ғунчаҳои ба оташ кашидаро. Эй абри қибла, мунтазири оби раҳматем, Барҳам зан, ин фазои ба оташ кашидаро. Эй лола, хуни гарми кӣ ҷорист дар рагат? К-афроштӣ ливои ба оташ кашидаро. Сӯзам зи доғи зиндагият, марг барфикан Аз дӯшам ин ридои ба оташ кашидаро. Бар килки наварӯси чаман печ додаам, Хокистари ҳинои ба оташ кашидаро. Дар сӯги ҷангале, ки шафақ доғ даргирифт, Мехонам ин рисои ба оташ кашидаро.