ҶИЛВАИ ҲОФИЗОНА
Эй, ки ба лутфи оми худ, ҷурми маро баҳонаӣ,
Ман чӣ тарона сар кунам? Сархати ҳар таронаӣ.
Дар тани ман чу хун равон, дил зи фироқ дар фиғон,
Ман ҳама ҷо паят давон, ту ба даруни хонаӣ.
Гаҳ ба лаби шикастагон ояи сабр мешавӣ,
Гоҳ ба рӯйи фотеҳон хандаи фотеҳонаӣ.
Эй зи ту буду ҳасти ман, пур зи ғамат вуҷуди ман,
Дар сухану суруди ман, ҷилваи Ҳофизонаӣ.
Раҳрави чашмбастаро лутфи ту мебарад ба роҳ,
Қумрии паршикастаро донаву ошёнаӣ.
Фонӣ, зи куфру дин чаро беҳуда гуфтугӯ кунӣ?
Ҳар тарафе, ки рӯ кунӣ, ҷониби ӯ равонаӣ.