Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФИТНА

Ҳангома бапо гардад, ёрам чу ба по хезад, Шавқ аз ҳама ҷо ҷӯшад, шӯр аз ҳама ҷо хезад. Девона дили ошиқ бе бода ба ваҷд ояд, Ин гуна, ки он соқӣ, бо нозу адо хезад. Магзор, ки аз васлат навмед шавад ошиқ, Мапсанд, ки аз хунат озурда гадо хезад. Гар ишқ ба гӯши ӯ оёти ҷунун хонад, Зоҳид зи намози хеш нокарда дуо хезад. Шайх аз сари мастӣ кард ин ғорату хунрезӣ, Оё, ки ба ҳушёрӣ з-ин фитна чиҳо хезад? Ҳар чашма, ки мехушкад, мо аз мижа хун борем, Ҳар лона, ки месӯзад, дуд аз дили мо хезад.
ФИТНА | Шоирон