Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ВОДИИ ҒАМ

Аз ҳасрати он бӯса кабоб аст дили мо, Аз бодаи нохӯрда хароб аст дили мо. Сад гуна ҳунар дар бару худ беҳунар афтод, Соҳибназарон, ҷилди китоб аст дили мо. Соф асту шафоф асту зудояндаи ғамҳост, Дар майкадаи даҳр шароб аст дили мо. Умрест, ки мегиряду ашкаш нашавад хушк, Дар водии ғам чашмаи об аст дили мо. Як умр хато карду хато рафту хато дид, Имрӯз ба савдои савоб аст дили мо. Фонӣ, ману дил ҷуз гунаҳи ишқ надорем, Осуда зи ташвиши ҳисоб аст дили мо.