Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БАҲОНА

Сарҳо буриду теғи қазоро баҳона сохт, Халқи Худо бикушту Худоро баҳона сохт. Шайх аз тариқи Каъба зи бутхона сар кашид, Бингар куҷо расиду куҷоро баҳона сохт? Зоҳид ба нӯги найза ҷигарҳо шикоф кард, Чун дидамаш хамиду асоро баҳона сохт. Буду набуди мо ҳама дар пои ғайр рехт, Гуфтам: Бас аст. Ҷуду сахоро баҳона сохт. Размандагони роҳи Худоро зи ман бигӯй: Шайтон ба арса тохт, шуморо баҳона сохт.