Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АРӮСӢ

То пеши лаълҷомон паймонаро арӯсист, Аз ҷӯши майпарастон хумхонаро арӯсист. Дар роҳи шавқ ошиқ аз ҷон намеҳаросад, Чун шамъ шӯъла гирад, парвонаро арӯсист. Аз ғафлатем яксар девонаи хаёлот, То хоби мо гарон аст, афсонаро арӯсист. Бемеҳрии ту бо мо хушнудии рақиб аст, Дар мотами азизон бегонаро арӯсист. Бошад масаррати ман дар шуҳрати асирӣ, Дар нолаҳои занҷир девонаро арӯсист. Фонӣ зи дида ашкам мастона мехиромад, Дар мавқаи фусурдан ин донаро арӯсист.