Гар дар ин қаҳтсароят накунад нон мададе,
Гар дар ин қаҳтсароят накунад нон мададе,
На ҷасад ранги нумӯ гираду не ҷон мададе.
Сарсарӣ нагзарӣ, эй бехабар, аз уқдаи дил,
Гар зи нохун нашавад кор, ба дандон мададе!
Эй ғанӣ, то асари анҷуму афлок ба ҷост,
Кас намехоҳад аз иқболи ту чандон мададе.
Дар қаноат ҳама асбоб ба зери қадам аст,
Мӯри ин дашт нахоҳад зи Сулаймон мададе.
Инқадар боз нагардад дари ташвиши суол,
Аз каримон нарасад гар ба гадоён мададе.
Суҳбати бехирадон офати рӯҳонӣ буд,
Оҳ, агар Нӯҳ намедид зи тӯфон мададе!
Ҳайф аз он бехабаре чанд, ки бо қудрати ҷоҳ
Хок гаштанду накарданд ба ёрон мададе.
Фасли беҳосилии ашк тариҳо дорад,
Санг шуд абр, агар кард ба найсон мададе.
Ашк беравнақии бахти сияҳ напсандид,
Дошт ин шом ҳам аз файзи чароғон мададе.
Гули ин боғ ҷунунҳавсалае мехоҳад,
Бедил, аз чок зарур аст ба домон мададе.