Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Инонам гар нагирад хотири оинасимое

Инонам гар нагирад хотири оинасимое Ба қалби осмонҳо мезанам аз оҳи танҳое. Зи сомони ду олам орзу мустағниям дорад Шабистони хати ҷому ҳузури шамъи миное. Дамидан, гӯ, набошад обёри решаи ҷаҳдам, Ниҳоли доғи ҳирмонро замингирист болое. Ниёзи хоки роҳи ноумедӣ боядам кардан Дили хунгашта дар дасте, сари фарсуда дар пое. Суроғи хуни ман аз гарди ранги гул чӣ мепурсӣ? Ба ёди домани ӯ мекашам охир сар аз ҷое, Чароғи ҳайратам чун лола дар даст аст, маъзурам, Раҳе гум кардаам дар зулматободи сувайдое. Дар ин гулшан муяссар нест тарки аҳвалӣ кардан, Ки дар ҳар барги гул оина дорад ҳусни раъное. Зи нафйи мовуман исботи ваҳдат кард огоҳӣ, Ҳубобе чанд аз худ рафту берун рехт дарёе. Набуд уммеде аз ҷоми саломат ғунчаи моро, Ҳам аз ҷӯши шикасти ранг пур кардем миное. Надоматмояем, эй яъс, оташ зан ба уқбо ҳам, Ки имрӯзи зиёнкорон намеарзад ба фардое. Дил аз каф додаам, дигар зи кулфатҳо чӣ мепурсӣ? Ба сомони ғуборам доман афшондаст саҳрое. Мани Бедил ҳарифи саъйи беҷо нестам, зоҳид, Туву қатъи манозилҳо, ману як лағзиши пое.