Умрест ҳамчу мижгон аз дарди нотавонӣ
Умрест ҳамчу мижгон аз дарди нотавонӣ
Доман фишондани ман дорад ҷигарфишонӣ.
Вомондаи адабро сармояи талаб ку?
Хок аст оби гавҳар дар олами равонӣ.
Фарёд, к-аз таваҳҳум бар боди худсарӣ дод
Муште ғубори моро савдои осмонӣ.
Он ҷо ки бедимоғӣ зӯрозмои аҷз аст,
Дорад нафас кашидан таклифи шахкамонӣ.
Эй офтоби тобон, дилгармие зарур аст,
Бар рағми сардтабъон магзар зи меҳрубонӣ.
Аз ваҳшати нафасҳо дарёб ҳасрати дил,
Бонги ҷарас ниҳон нест дар гарди корвоне.
Дар олами таайюн ворастан аз амал
нест,
Дар қайди ришта коҳад гавҳар зи сахтҷонӣ.
Пайваста нотавонон мақбули хосу оманд,
Аз бори соя набвад бар ҳеҷ кас гаронӣ.
Ҳиммат ба фикри ҳастӣ худро гиреҳ насозад,
Ҳайф аст кисадӯзӣ бар нақди ройгоне.
Эй нестиаломат, то кай ғами иқомат?
Хоҳад ба бод рафтан, гарде ки менишонӣ.
Додем нақди биниш бар боди гуфтугӯҳо,
Чашми тамизи мо баст гарди фасонахонӣ.
Бедил, бисоти дилро бастам ба нола оин,
Кардам ба гулшани доғ аз шуъла боғбонӣ.