Зи дастгоҳ мабар заҳмати гаронҷонӣ,
Зи дастгоҳ мабар заҳмати гаронҷонӣ,
Макаш равонӣ аз оби гуҳар ба ғалтонӣ.
Хуш он нафас, ки чу маънӣ расад ба урёнӣ,
Чу бӯйи гул зи баҳораш либос пӯшонӣ.
Ба назму наср биноз аз латофати тақрир,
Забур муъҷизае дорад аз хушалҳонӣ.
Камоли нағма дар ин ҷо ба қадри ҳанҷара
аст,
Адо кунед ба хондан ҳақи сухандонӣ.
Сухан хуш аст ба кайфияте адо кардан,
Ки маънӣ об нагардад зи нанги урёнӣ.
Ҳарифи мардуми бадлаҳҷа будан осон нест,
Касе мабод тараф бо азоби рӯҳонӣ!
Дар ин ҳаваскада дарси хамӯшият авлост,
Ки бар виқор нависӣ бароти нодонӣ.
Худойро, маписанд, эй баҳори ранги итоб,
Шикасти оинаи дил ба чини пешонӣ.
Тағофулат адамовора кард оламро,
Магар ба гардиши чашм ин инон бигардонӣ.
Масеҳ мавҷ занад, то табассум ороӣ,
Ҷунун баҳор кунад
, зулф агар барафшонӣ.
Нишот бо дили озурдаам намесозад,
Ба рӯйи захм кунад хандааш намакдонӣ.
Хатои фикри иқомат ба худ мабанд ин ҷо,
Ки дарси умр равон асту сакта мехонӣ.
Ба теғ қатъ нашуд интизори мо, Бедил,
Ҳанӯз номасиёҳ аст чашми қурбонӣ.