Зи пироҳан бурун о, бе шукӯҳе нест урёнӣ,
Зи пироҳан бурун о, бе шукӯҳе нест урёнӣ,
Ҷунун кун, то ҳубоберо либоси баҳр пӯшонӣ.
Гули оинаро рӯйи ту бахшад ранги ҳайронӣ,
Диҳад зулфат ба дасти шона асбоби парешонӣ.
Ба поси рози ашк аз забти мижгон нестам ғофил,
Ба хок афкандан аст ин тифлро гаҳвораҷунбонӣ.
Ба Маҷнун нисбати савдопарастонат намешояд,
Зи одам фарқ бисёр аст то ғӯли биёбонӣ.
Ба ҳар ҷо чора меҷустанд маҷрӯҳони улфатро,
Фатила дар даҳони захм буд ангушти ҳайронӣ.
Сари бемағзи моро чорае дигар намебошад,
Магар теғе шавад нохун бар ин ақди гаронҷонӣ.
Дари барбаста мегӯяд румузи хонаи мумсик,
Саводи тангии дил равшан аст аз чини пешонӣ.
Шумори уқдаи дил ҳамчунон боқист дар зулфаш,
Гар ангуштат шавад то шона хушк аз субҳагардонӣ.
Надонам, орзутамҳиди дидори киям имшаб?
Чу чашмам як лаби арзу ҳазор ангушти ҳайронӣ.
Ту аз худношиносӣ ҳаққи иззат кардаӣ ботил,
Дар он маҳфил ки хоки тира дорад оби ҳайвонӣ.
Ғурури табъ, он гаҳ лофи диндорӣ? Чӣ зулм аст ин?
Ба дилҳо решае чун субҳа мехоҳад мусулмонӣ.
Зи изҳори камолам об мебояд шудан, Бедил,
Либоси ҷавҳарам, чун теғ то кай нанги урёнӣ?