Хашмро оинапардози тараҳҳум кардаӣ,
Хашмро оинапардози тараҳҳум кардаӣ,
Дар ниқоби чини пешонӣ табассум кардаӣ.
Ҳар сари мӯят забони илтифоте дигар аст,
Баски шӯхӣ, дар хамӯшӣ ҳам такаллум кардаӣ.
То арақ аз чеҳраат хуршедрези ғайрат аст,
Чархро як дашт нақши пойи анҷум кардаӣ.
Уқдаҳои ғунчаи дил бе гулоби ашк нест,
Май ба соғар кун, гар ин ангур дар хум кардаӣ.
Гавҳар аз таслим шуд эмин зи мавҷи инқилоб,
Соҳили ҷамъиятӣ, гар дасту по гум кардаӣ.
Бар ҳадиси муддаъӣ, к-афсонаи дарди сар аст,
Гар тағофул кардаӣ, бар худ тараҳҳум кардаӣ.
Эй хаёлат ғарқи савдои ҷаҳони мухтасар,
Қатраеро бурдаӣ ҷое, ки қулзум кардаӣ.
Мавҷи иқболи ту дар гарди адам пар мезанад,
Қулзумӣ, аммо бурун аз худ талотум кардаӣ.
Бе такаллуф, гар ҳамин аст эътибороти ҷаҳон,
Кам зи ҳайвонӣ, агар тақлиди мардум кардаӣ.
Маърифат к-аз истилоҳи мовуман ҷӯшидааст,
Ғафлат аст, аммо ту огоҳӣ таваҳҳум кардаӣ
Ин замон арзи камолат фикри обу нон бас аст,
Одамият доштӣ, дар кори гандум кардаӣ.
Баҳри имкон шӯхии мавҷи саробе беш нест,
Даст аз обаш то намешӯӣ, таяммум кардаӣ.
Бастаӣ, Бедил, агар бар худ забони муддао,
Ақраберо, метавонам гуфт, бедум кардаӣ.