Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Панди Умр
Панди умр Ба худ гуфтам: тамом шуд навҷавонӣ, Бикун тавба, вақт аст то тавонӣ. Гузар кун кунҷи қабристон, даме бин,
Ҷавоб ба Устод Ҳофизи Шерозӣ
Ҷавоб ба Ҳофизи Шерозӣ Бигӯ, Ҳофиз, ба ҳоли дӯст додӣ мулки дунёро, Биё, бингар ҷамоли ёри тоҷик, нури маъвораро. На Самарқанду на Бухоро ба қадри ҳусни ӯ арза
Муаллим
Муаллим Муаллим, эй чароғи роҳи фардо, Туӣ сарчашмаи илму таманно. Ба ҳар дил тухми дониш мекорӣ,
Тақдири шӯр
Тақдири шӯр Рафтанатро ман нахостам, лек афсус, чун нашуд, Гиряашро ман нахостам, лек афсус, чун нашуд. Сад дареғо, қалби пурдарду алам аз ҳасрат бисӯхт,
Нафси шум
Нафси шум. Умри ширин сарф кардам дар паи нафси шум, Аз намозу зикри Ҳақ мондам, дареғо, дар ситам. Умр бар боди ҳаво додам, бидуни маърифат,
Рубоиҳо
Рубоӣҳо ).Бо хеш фиреб дода хандон шудем, Аз нури ҳақиқат ҳама пинҳон шудем. Аз халқ ҳазор парда бар рӯй задем,
Бизан мутриб
Бизан, мутриб, дигар он дилбарам дилдор нашуд охир, Бути афсунгарам бар лаб ба лаб паймона нашуд охир. Дигар он соқии маст нест, ки шабҳо шароби оташин резад, Б
Дилдор нашуд охир
Дилдор нашуд охир Ало, мутриб, бас аст дигар, надорам тоқати сӯхтан, Ки он дилбар, ки мехостам, ба ман дилдор нашуд охир. Чаро, соқӣ, зи дарди дил маро ҳар дам
Тавба кун, эй дил
Тавба кун, эй дил Сад ҳазорон тавба кун, эй дил, ҷавонӣ муддатест, Гар ту ҷаннатро бихоҳӣ, ин ҷаҳон ҳам муддатест. Роҳи Ҳақ чандон душвор нест, агар ёбӣ раҳнамо
Эй Сорбон
Эй сорбон, оҳиста рон, рафти ту ҷонам меравад, Он шаб, ки туро бурданд, бо рафтанат ҷаҳонам меравад. Бингар, ҳама гирён шуданд бо рафтани ту аз замин, Хуш гашт
205. БА ЗАНӢ ДОДАНИ ПИРОН ДУХТАРИ ХУДРО БА СИЁВУШ
Сиёвуш яке рӯзу Пирон ба ҳам Нишастанду гуфтанд бар бешу кам. Бад-ӯ гуфт Пирон, к-«Аз ин буму бар Чуноне ки бошад касе баргузар.
204. РАФТАНИ АФРОСИЁБ ВА СИЁВУШ БА ШИКОР
Бад-он шоҳзода чунин гуфт шоҳ, Ки «Як рӯз бо ман ба нахчиргоҳ Биё, то ки дил шоду хуррам кунем, Равонро ба нахчир беғам кунем.
203. ҲУНАР НАМУДАНИ СИЁВУШ ПЕШИ АФРОСИЁБ
Шабе бо Сиёвуш чунин гуфт шоҳ, Ки «Фардо бисозем ҳар ду пагоҳ. Або гӯю чавгон ба майдон шавем, Замоне битозему хандон шавем.
202. ДИДАНИ СИЁВУШ АФРОСИЁБРО
Чу шуд назди Афросиёб огаҳӣ, Ки омад Сиёвахш бо фарраҳӣ, Пиёда ба кӯй омад Афросиёб, Аз айвон миёнбаставу пуршитоб.
201. СИПОҲ СУПУРДАНИ СИЁВУШ БА БАҲРОМ
Яке нома бинвишт назди падар, Ҳама ёд кард андар ӯ дар ба дар, Ки ман бо ҷавонӣ хирад ёфтам, Зи кирдори бад рӯй бартофтам.
200. НОМАИ АФРОСИЁБ БА СИЁВУШ
Чу бишнид Афросиёб ин сухун, Яке рои бодониш афканд бун. Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд, Забон баркушоду сухан барфишонд.
199. РАФТАНИ ЗАНГА ПЕШИ АФРОСИЁБ
Бишуд Занга бо номвар сад савор, Гаравгон бибурд аз дари шаҳрёр. Бибурдаш ҳама хоста, ҳар чӣ буд, Ки аз пеш Гарсеваз оварда буд.
198. РОЙ ЗАДАНИ СИЁВУШ БО БАҲРОМ ВА ЗАНГА
Ду танро зи лашкар зи кундоварон, Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон, Бар ин розашон хонд наздики хеш, Бипардохт айвону биншонд пеш,
197. ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ АЗ КОВУС
Ҳаюне биёрост Ковусшоҳ Бифармуд, то боз гардад зи роҳ. Нависандаи номаро пеш хонд, Бари тахти хешаш ба курсӣ нишонд.
196. ФИРИСТОДАНИ КОВУС РУСТАМРО БА СИСТОН
Чу бишнид Ковус, шуд пур зи хашм, Барошуфт аз он кору бикшод чашм. Ба Рустам чунин гуфт шоҳи ҷаҳон, Ки «Эдар намонад сухан дар ниҳон,
195. ПАЁМ ДОДАНИ РУСТАМ КОВУСРО
В-аз ин рӯй чун Рустами шермард Биёмад бари шоҳи Эрон чу гард, Ба пеш андаромад ба каш карда даст, Баромад сипаҳбад зи ҷои нишаст.
194. ФИРИСТОДАНИ СИЁВУШ РУСТАМРО БА НАЗДИ КОВУС
Сиёвуш нишаст аз бари тахти оҷ, Биёвехт ӯ аз бари оҷ тоҷ. Ҳаме рой зад, то яке чарбгӯй Касе, к-ӯ суханро диҳад рангу бӯй.
193. ПАЙМОН КАРДАНИ СИЁВУШ БО АФРОСИЁБ
Ба шабгир Гарсеваз омад ба дар Ба сар-бар кулоҳу бубаста камар. Биёмад ба пеши Сиёвуш, замин Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин.
192. ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ НАЗДИ СИЁВУШ
Биёвард Гарсеваз он хоста, Ки рӯи замин з-он шуд ороста. Дамон то лаби рӯди Ҷайҳун расид, Зи гурдон фиристодае баргузид.
191. РОЙ ЗАДАНИ АФРОСИЁБ БО МЕҲТАРОН
Чу бугзашт ниме зи гардонсипеҳр, Дурахшанда хуршед бинмуд чеҳр, Бузургон ба даргоҳи шоҳ омаданд, Парастандаву бокулоҳ омаданд.


