Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
190. ПУРСИДАНИ АФРОСИЁБ МӮБАДОНРО АЗ ХОБ
Касоне, к-аз ин дониш огаҳ буданд, Пароканда ё бар дари шаҳ буданд, Шуданд анҷуман бар дари шаҳрёр, Бад-он то чаро кардашон хостор.
189. ХОБ ДИДАНИ АФРОСИЁБ ВА ТАРСИДАН
Чу як баҳра бугзашт аз тирашаб Чунон чун касе, к-он биларзад ба таб, Хурӯше баромад зи Афросиёб, Биларзид бар ҷои орому хоб.
188. ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ АЗ КАЙКОВУС
Чу нома бари шоҳи Эрон расид, Сари тоҷу тахташ ба кайвон расид. Ба Яздон паноҳид, аз ӯ ҷуст бахт, Бад-он то ба бор ояд он навдарахт.
187. НОМАИ СИЁВУШ БА КОВУС
Сиёвуш чу дар Балх шуд бо сипоҳ, Яке нома фармуд наздики шоҳ. Навиштанд нома ба мушку абир, Чунон чун сазовор буд бар ҳарир.
186. ЛАШКАР КАШИДАНИ СИЁВУШ
Баромад хурӯшидани бӯқу кӯс Биёмад сипаҳбад сарафроз Тус. Ба даргоҳ-бар анҷуман шуд сипоҳ, Дари ганҷу динор бикшод шоҳ.
185. ОГОҲӢ ЁФТАНИ КОВУС АЗ ОМАДАНИ АФРОСИЁБ
Ба меҳр - андарун буд шоҳи ҷаҳон, Ки бишнид гуфтори корогаҳон, Ки Афросиёб омаду сад ҳазор Гузида зи туркон шумурда савор.
184. БАХШИ ҶОНИ СУДОБА ХОСТАНИ СИЁВУШ АЗ ПАДАР
Чаҳорум ба тахти каӣ барнишаст, Яке гурзаи говпайкар ба даст. Барошуфту Судобаро пеш хонд, Гузашта суханҳо бад-ӯ боз ронд.
183. ГУЗАШТАНИ СИЁВУШ БАР ОТАШ
Пурандеша шуд ҷони Ковуси кай Зи фарзанду Судобаи шумпай. Аз ин ду яке гар шавад нобакор, Аз ин пас кӣ хонад маро шаҳрёр?
182. ПУРСИДАНИ КОВУС КОРИ БАЧЧАГОНРО
Аз он пас нигаҳ кард Ковусшоҳ Касеро, ки кардӣ ба ахтар нигоҳ, Биҷусту зи Эрон бари хеш хонд, Бипурсиду бар тахти заррин нишонд.
181. ЧОРА СОХТАНИ СУДОБА ВА ЗАНИ ҶОДУ
Чу донист Судоба, к-ӯ гашт хор, Наёвехт бо вай дили шаҳрёр, Яке чора ҷуст андар он кори зишт, Зи кина ба наввӣ дарахте бикишт.
180. ФИРЕБ ДОДАНИ СУДОБА КОВУСРО
Бизад дасту ҷома бидаррид пок, Ба нохун ду рухро ҳаме кард чок. Баромад хурӯш аз шабистони ӯй, Фиғонаш зи айвон баромад ба кӯй.
179. РАФТАНИ СИЁВУШ БОРИ СЕВУМ ДАР ШАБИСТОН
Нишаст аз бари тахт бо гӯшвор, Ба сар барниҳод афсари зарнигор. Сиёвахшро дар бари хеш хонд, Зи ҳар гуна бо ӯ суханҳо биронд.
178. ОМАДАНИ СИЁВУШ БОРИ ДУВУМ БА ШАБИСТОН
Бар ин достон низ шаб даргузашт Сипеҳр аз бари хоки тира бигашт. Нишаст аз бари тахт Судоба шод, Зи ёқути сурх афсаре барниҳод.
177. ОМАДАНИ СИЁВУШ БА НАЗДИ СУДОБА
Яке мард буд, номи ӯ Ҳирбад, Зидуда дилу мағзу ҷонаш зи бад, Ки бутхонаро ҳеч нагзоштӣ, Калиди дари парда ӯ доштӣ.
176. ОШИҚ ШУДАНИ СУДОБА БАР СИЁВУШ
Баромад бар ин низ як рӯзгор, Бад-ӯ шодмон шуд дили шаҳрёр. Яке рӯз Ковуси кай бо писар Нишаста, ки Судоба омад зи дар.
175. ВАФОТ ЁФТАНИ МОДАРИ СИЁВУШ
Ба фармони шаҳ чун басечид кор, Бирафт аз ҷаҳон модари шаҳрёр. Сиёвуш зи гоҳ андаромад чу дев, Баровард бар чархи гардон ғирев.
174. БОЗ ОМАДАНИ СИЁВУШ ЗИ ЗОБУЛИСТОН
Чу омад ба Ковусшоҳ огаҳӣ, Ки омад Сиёвахш бо фарраҳӣ, Бифармуд, то бо сипаҳ Геву Тус Бирафтанд бо шодию бӯқу кӯс.
173. ЗОДАНИ СИЁВУШ АЗ МОДАР
Басе барнаёмад бар ин рӯзгор, Ки ранг андаромад ба хуррам баҳор. Бар ӯ-бар ҳаме гашт гардонсипеҳр, Чу нӯҳ маҳ баромад бар он хубчеҳр,
172. ДОСТОНИ МОДАРИ СИЁВУШ
Чунин гуфт мӯбад, ки як рӯз Тус Бад-он гаҳ, ки хезад хурӯши хурӯс, Худу Геву Гударзу чандин савор Бирафтанд шод аз дари шаҳрёр.
171. ДОСТОНИ СИЁВУШ ОҒОЗИ ДОСТОН
Кунун, эй сухангӯи бедормағз, Яке достоне биёрой нағз. Сухан чун баробар шавад бо хирад, Равони сароянда ромиш барад.
170. ОГОҲӢ ЁФТАНИ МОДАР АЗ КУШТА ШУДАНИ СӮҲРОБ
Ғирев омад аз шаҳри Туронзамин, Ки Сӯҳроб шуд кушта бар дашти кин. Хабар з-ӯ ба шоҳи Самангон расид, Ҳама ҷома бар хештан бардарид.
169. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ЗОБУЛИСТОН
В-аз он ҷойгаҳ шоҳ лашкар биронд, Ба Эрон хиромид, Рустам бимонд. Бад-он то Завора биёяд зи роҳ, Бар ӯ огаҳӣ оварад з-он сипоҳ.
168. ЗОРӢ КАРДАНИ РУСТАМ БАР СӮҲРОБ
Бифармуд Рустам, ки то пешкор Яке ҷома орад бараш пурнигор. Ҷавонро бар он ҷомаи зарингор Бихобонду омад бари шаҳрёр.
167. НӮШДОРУ ХОСТАНИ РУСТАМ АЗ КОВУС
Ба Гударз гуфт он замон паҳлавон, Ки «Эй гурди бономи равшанравон. Паёме зи ман сӯи Ковус бар, Бигӯяш, ки моро чӣ омад ба сар.
166. КУШТА ШУДАНИ СӮҲРОБ АЗ РУСТАМ
Дигарбора аспон бубастанд сахт, Ба сар-бар ҳаме гашт бадхоҳ бахт. Ҳар он гаҳ ки хашм оварад бахти шум, Шавад санги хоро ба кирдори мум.

