БОЗ ОМАДАНИ СИЁВУШ ЗИ ЗОБУЛИСТОН
Чу омад ба Ковусшоҳ огаҳӣ,
Ки омад Сиёвахш бо фарраҳӣ,
Бифармуд, то бо сипаҳ Геву Тус
Бирафтанд бо шодию бӯқу кӯс.
Ҳама номдорон шуданд анҷуман,
Ба як даст Тусу дигар пилтан.
Хиромон бари шаҳрёр омаданд,
Ки бо навдарахте ба бор омаданд.
Чу омад бари кохи Ковусшоҳ,
Хурӯш омаду баркушоданд роҳ.
Парастор бо миҷмару бӯи х(в)аш
Назора бар ӯ даст карда ба каш.
Ба ҳар кунҷ-бар сесад истода буд,
Миёни ҳама сарви озода буд.
Басе зарру гавҳар барафшонданд,
Саросар бар ӯ офарин хонданд.
Чу Ковусро дид бар тахти оҷ,
Зи ёқути рахшанда бар сар-ш тоҷ,
Нахуст офарин карду бурдаш намоз,
Замоне ҳаме гуфт бо хок роз.
В-аз он пас биёмад бари шаҳрёр,
Сипаҳбад гирифташ сар андар канор.
Зи Рустам бипурсиду бинвохташ,
Бар он тахти пирӯза биншохташ.
Чунон аз шигифтӣ бар ӯ-бар бимонд,
Басе офаринҳо бар ӯ-бар бихонд.
Бар он бурзу болову он фарри ӯй
Басе буданӣ диду бас гуфтугӯй.
Бад-он андаке солу чандин хирад,
Ки гуфтӣ равонаш хирад парварад.
Басе офарин аз ҷаҳонофарин
Бихонду бимолид рух бар замин.
Ҳаме гуфт, к-«Эй кирдгори сипеҳр,
Худованди ҳушу худованди меҳр,
Ҳама некуиҳои гетӣ зи туст,
Ниёиш зи фарзанд гирам нахуст».
Бузаргони Эрон ҳама бо нисор
Бирафтанд шодон бари шаҳрёр.