ЗОДАНИ СИЁВУШ АЗ МОДАР
Басе барнаёмад бар ин рӯзгор,
Ки ранг андаромад ба хуррам баҳор.
Бар ӯ-бар ҳаме гашт гардонсипеҳр,
Чу нӯҳ маҳ баромад бар он хубчеҳр,
Бигуфтанд бо шоҳ Ковуси кай,
Ки бар хӯрдӣ аз моҳи фархундапай.
Яке баччаи фаррух омад падид,
Кунун тахт бар абр бояд кашид.
Ҷудо гашт аз ӯ кӯдаке чун парӣ,
Ба чеҳра ба сони бути озарӣ.
Ҷаҳон гашт аз он хурд пургуфтугӯй,
К-аз он гуна нашнид кас рӯю мӯй.
Ҷаҳондор номаш Сиёвахш кард,
Бад-ӯ чархи гардандаро бахш кард.
Аз он, к-ӯ шумори сипеҳри баланд
Бидонист неку баду чуну чанд,
Ситора бад-он кӯдак ошуфта дид,
Ғамин гашт, чун бахти ӯ хуфта дид,
Бидид аз баду нек озори ӯй,
Ба Яздон паноҳид дар кори ӯй.
Бигуфт ӯ зи кори писар шоҳро
Намудаш якояк бад-ӯ роҳро.
Чунин то баромад бар ин рӯзгор,
Таҳамтан биёмад бари шаҳрёр.
Чунин гуфт, к-«Ин кӯдаки шерфаш
Маро парваронид бояд ба каш.
Чу дорандагони туро моя нест,
Мар ӯро ба гетӣ чу ман доя нест.
Басе меҳтар андеша кард андар он,
Наёмад ҳаме бар дилаш - бар гарон.
Ба Рустам супурдаш дилу дидаро,
Ҷаҳонҷӯй пури писандидаро.
Таҳамтан бибурдаш ба Зобулситон,
Нишастангаҳе сохт дар бӯстон.
Савориву тиру камону каманд,
Инону рикебу чиву чуну чанд,
Нишастангаҳу маҷлису майгусор,
Ҳамон бозу шоҳину юзу шикор,