ДОСТОНИ МОДАРИ СИЁВУШ
Чунин гуфт мӯбад, ки як рӯз Тус
Бад-он гаҳ, ки хезад хурӯши хурӯс,
Худу Геву Гударзу чандин савор
Бирафтанд шод аз дари шаҳрёр.
Бигаштанд гирди лаби ҷӯйбор
Гурозону тозон зи баҳри шикор.
Фаровон гирифтанду андохтанд,
Улуфа чиҳилрӯза-бар сохтанд.
Бад-он ҷойгаҳ турк наздик буд,
Заминаш зи хиргоҳ торик буд.
Яке беша пеш андаромад зи дур
Ба наздики марзи саворони Тур.
Ҳаме ронд дар пеш бо Тус Гев
Пас - андар парастандае чанд нев.
Бад-он беша рафтанд ҳарду савор,
Бигаштанд чанде зи баҳри шикор.
Ба беша яке хубрух ёфтанд,
Пур аз ханда лаб, ҳарду биштофтанд.
Ба дидори ӯ дар замона набуд,
Зи хубӣ бар ӯ-бар баҳона набуд.
Ба боло чу сарву ба дидор моҳ
Нашоист кардан бад-ӯ-дар нигоҳ
Бад-ӯ гуфт Тус, «Эй фиребанда моҳ,
Туро сӯи беша кӣ бинмуд роҳ?»
Чунин дод посух, ки «моро падар
Бизад дӯшу бугзоштам буму бар.
Шаби тира маст омад аз базми сур
Ҳамон чун маро дид, ҷӯшон зи дур
Яке теғи заҳробгун баркашид,
Ҳаме хост аз тан сарамро бурид».
Бипурсид пас паҳлавон аз нажод,
Бад-ӯ сарвбун як ба як кард ёд.
Бад-ӯ гуфт: «Ман хеши Гарсевазам,
Ба
шоҳ Офаридун кашад парвазам».
«Пиёда, бад-ӯ гуфт, чун омадӣ,
Ки бе бораву раҳнамун омадӣ?»