ДОСТОНИ СИЁВУШ ОҒОЗИ ДОСТОН
Кунун, эй сухангӯи бедормағз,
Яке достоне биёрой нағз.
Сухан чун баробар шавад бо хирад,
Равони сароянда ромиш барад.
Касеро, ки андеша нох(в)аш бувад,
Бад-он нохушӣ рои ӯ каш бувад.
Ҳаме хештанро чалипо кунад,
Ба пеши хирадманд расво кунад.
Валекин набинад кас оҳуи хеш,
Туро равшан ояд ҳаме хӯи хеш.
Агар дод бояд, ки монад ба ҷой,
Биёрой, з-он пас ба доно намой.
Чу донописанду писандида гашт,
Ба ҷӯи ту-дар об чун дида гашт.
Зи гуфтори деҳқон кунун достон
Бипайвандам аз гуфтаи бостон.
Куҳангашта ин достонҳо зи ман
Ҳаме нав шавад бар сари анҷуман.
Агар зиндагонӣ бувад дерёз,
Бад-ин дайр хуррам бимонам дароз,
Яке мевадоре бимонад зи ман,
Ки монад ҳаме бори ӯ бар чаман.
Аз он пас, ки бинмуд панҷоҳу ҳашт,
Ба сар - бар фаровон шигифтӣ гузашт.
Ҳаме оз камтар нагардад ба сол,
Ҳаме рӯз ҷӯям ба тақвиму фол.
Чӣ гуфт андар ин мӯбади пешрав,
Ки ҳаргиз нагардад куҳангашта нав.
Ту чандон, ки бошӣ, сухангӯй бош,
Хирадманд бошу накӯхӯй бош.
Чу рафтӣ, сару кор бо Эзад аст
Агар нек бошад-т кор, ар бад аст.
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чи гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.
Дуруштӣ зи кас нашнавад нармгӯй,
Сухан то тавонӣ, ба озарм гӯй.
Ба гуфтори деҳқон кунун боз гард,
Нигар, то чӣ гӯяд сароянда мард.