Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОГОҲӢ ЁФТАНИ КОВУС АЗ ОМАДАНИ АФРОСИЁБ

Ба меҳр - андарун буд шоҳи ҷаҳон, Ки бишнид гуфтори корогаҳон, Ки Афросиёб омаду сад ҳазор Гузида зи туркон шумурда савор. Дили шоҳ Ковус аз он танг шуд, Ки аз базм ҷояш сӯи ҷанг шуд. Яке анҷуман кард з-эрониён Касеро ки буд некхоҳи каён. Бад-эшон чунин гуфт, к-«Афросиёб Зи боду зи оташ, зи хоку зи об Ҳамоно ки Яздон накардаш сиришт, Магар худ сипеҳраш дигаргуна кишт, Ки чандон ба савганд паймон кунад, Забонро ба хубӣ гаравгон кунад, Чу гирд оварад мардуми ҷангҷӯй Битобад зи паймону савганд рӯй. Маро рафт бояд кунун кинахоҳ, Кунам рӯзи равшан бар ӯ-бар сиёҳ. Магар гум кунам номи ӯ дар ҷаҳон В-агарна чу тир аз камон ногаҳон Сипаҳ созаду кори Эрон кунад, Басе з-ин бару бум вайрон кунад.» Бад-ӯ гуфт мӯбад «Чӣ бояд сипоҳ, Чу худ рафт бояд ба овардгоҳ? Чаро хоста дод бояд ба дод, Дари ганҷ чандин чӣ бояд кушод? Ду бор ин сари номвар гоҳи хеш Супурдӣ ба тезӣ ба бадхоҳи хеш. Кунун паҳлавони накӯ баргузин Сарафрози ҷангу сазовори кин». Чунин дод посух бад-эшон, ки «Ман Набинам касеро аз ин анҷуман, Ки дорад паю тоби Афросиёб, Маро рафт бояд чу киштӣ бар об. Шумо боз гардед, то ман кунун Ба ҷо оварам кор бо раҳнамун.» Сиёвуш аз он дил пурандеша кард, Равонро аз андеша чун беша кард.