Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

НӮШДОРУ ХОСТАНИ РУСТАМ АЗ КОВУС

Ба Гударз гуфт он замон паҳлавон, Ки «Эй гурди бономи равшанравон. Паёме зи ман сӯи Ковус бар, Бигӯяш, ки моро чӣ омад ба сар. Ба дашна ҷигаргоҳи пури далер Даридам, ки Рустам мамонод дер! Гарат ҳеч ёд аст кирдори ман, Яке ранҷа кун дил ба тимори ман. Аз он нӯшдору, ки дар ганҷи туст, Куҷо хастагонро кунад тандуруст, Ба наздики ман бо яке ҷоми май Сазад, гар фиристӣ ҳам акнун зи пай. Магар, к-ӯ ба бахти ту беҳтар шавад, Чу ман пеши тахти ту кеҳтар шавад.» Биёмад сипаҳбад ба кирдори бод, Ба Ковус яксар паёмаш бидод. Бад-ӯ гуфт Ковус, к-«Аз пилтан Киро бештар об наздики ман? Нахоҳам, ки ӯро бад ояд ба рӯй, Ки ҳасташ басе назди ман обрӯй. Валекин агар доруи нӯш ман Диҳам, зинда монад яли пилтан, Кунад паст Рустам ба неру туро, Ҳалок оварад бегумон мар маро. Агар як замон з-ӯ ба ман бад расад, Насозем подоши ӯ ҷуз ба бад. Шунидӣ, ки ӯ гуфт Ковус кист? Гар ӯ шаҳрёр аст, пас Тус кист? Куҷо гунҷад андар ҷаҳони фарох Бад-он фарру бурзу бад-он ёлу шох? Куҷо бошад ӯ пеши тахтам ба пой, Куҷо ронад ӯ зери фарри ҳумой? Ба дашном чанде маро баршумурд, Ба пеши сипаҳ обрӯям бибурд. Чу фарзанди ӯ зинда монад, маро Яке хок бошад ба даст-андаро. Суханҳои Сӯҳроб нашнидаӣ? На марди бузурги ҷаҳондидаӣ?