Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ЗОРӢ КАРДАНИ РУСТАМ БАР СӮҲРОБ

Бифармуд Рустам, ки то пешкор Яке ҷома орад бараш пурнигор. Ҷавонро бар он ҷомаи зарингор Бихобонду омад бари шаҳрёр. Гави пилтан сар сӯи роҳ кард, Кас омад паяш зуду огоҳ кард? Ки Сӯҳроб шуд з-ин ҷаҳони фарох, Ҳаме аз ту тобут хоҳад, на кох. Падар ҷусту барзад яке сардбод, Бинолиду мижгон ба ҳам барниҳод. Пиёда шуд аз аспу Рустам чу бод Ба ҷои кулаҳ хок бар сар ниҳод. Бузургони лашкар ҳама ҳамчунон Ғиревону гирёну зорикунон. Ҳаме гуфт зор: «Эй набарда ҷавон, Сарафрозу аз тухмаи паҳлавон. Набинад чу ту низ хуршеду моҳ На ҷавшан, на хӯду на тахту кулоҳ. Киро омад ин пеш, к-омад маро, Ки фарзанд куштам ба пиронсаро? Набери ҷаҳондор Соми савор, Сӯи модар аз тухмаи номдор. Чу ман нест дар гирди кайҳон яке Ба мардӣ будам пеши ӯ кӯдаке. Буридан ду дастам сазовор ҳаст, Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст. Чӣ гӯям, чу огаҳ шавад модараш? Чӣ гуна фиристам касеро бараш? Чӣ гӯям, чаро куштамаш бегуноҳ, Чаро рӯз кардам бар ӯ-бар сиёҳ? Кадомин падар ҳаргиз ин кор кард? Сазоворам акнун ба гуфтори сард. Ба гетӣ кӣ куштаст фарзандро, Далеру ҷавону хирадмандро?! Падар-ш он гаронмоятар паҳлавон, Чӣ гӯяд бад-он духти поки ҷавон? Бар ин тухмаи Сом нафрин кунанд, Маро ном бемеҳру бедин кунанд.