ОШИҚ ШУДАНИ СУДОБА БАР СИЁВУШ
Баромад бар ин низ як рӯзгор,
Бад-ӯ шодмон шуд дили шаҳрёр.
Яке рӯз Ковуси кай бо писар
Нишаста, ки Судоба омад зи дар.
Чу Судоба рӯи Сиёвуш бидид,
Пурандеша гашту дилаш бардамид.
Чунон шуд, ки гуфтӣ тарози нах аст,
Ва ё пеши оташ ниҳода ях аст.
Касеро фиристод наздики ӯй,
Ки пинҳон Сиёвахшро рав, бигӯй,
Ки «Андар шабистони шоҳи ҷаҳон
Набошад шигифт, ар шавӣ ногаҳон».
Фиристода рафту бидодаш паём,
Барошуфт аз он кор он некном.
Бад-ӯ гуфт: «Марди шабистон наям,
Маҷӯям, ки бо банду дастон наям».
Дигар рӯз шабгир Судоба рафт,
Бари шоҳи Эрон хиромид тафт.
Бад-ӯ гуфт, к - «Эй шаҳрёри сипоҳ,
Ки чун ту надидаст хуршеду моҳ,
На андар замин кас чу фарзанди ту,
Ҷаҳон шод бодо ба пайванди ту!
Фиристаш ба сӯи шабистони хеш,
Бари хоҳарону фағистони хеш.
Бигӯяш, ки андар шабистон бирав
Бари хоҳарон ҳар замон нав ба нав.
Ҳама рӯйпӯшидагонро ба меҳр
Пур аз хун дил асту пур аз об чеҳр.
Намозаш барему нисор оварем,
Дарахти парастиш ба бор оварем».
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин сухан дарх(в)ар аст,
Бар ӯ мар туро меҳри сад модар аст».
Сипаҳбад Сиёвахшро хонду гуфт,
Ки «Хуни рагу меҳр натвон нуҳуфт.
Туро покяздон чунон офарид,
Ки меҳр оварад бар ту ҳар, к-ат бидид.
Туро дод Яздон ба покӣ нажод,
Касе пок чун ту зи модар назод.