ПУРСИДАНИ АФРОСИЁБ МӮБАДОНРО АЗ ХОБ
Касоне, к-аз ин дониш огаҳ буданд,
Пароканда ё бар дари шаҳ буданд,
Шуданд анҷуман бар дари шаҳрёр,
Бад-он то чаро кардашон хостор.
Бихонду сазовор биншонд пеш,
Сухан ронд бо ҳар як аз камму беш.
Чунин гуфт бо номвар мӯбадон,
Ба ахтаршиносону ҳам бихрадон,
Ки «Ин хобу гуфтори ман дар ҷаҳон
Касе нашнавад ошкору ниҳон.
Якеро намонам сару тан ба ҳам
Агар з-ин сухан бар лаб оранд дам».
Бубахшидашон бекарон зарру сим
Бад-он, то набошад касе з-ӯ ба бим.
В-аз он пас бигуфт, он чи дар хоб дид,
Чу мӯбад зи шоҳ он суханҳо шунид,
Битарсид в-аз шоҳ зинҳор хост,
Ки «Ин хоб гуфтан наёрем рост.
Магар шоҳ бо банда паймон кунад,
Забонро ба посух гаравгон кунад,
К-аз ин дар сухан ҳар чи дорем ёд,
Кушоем бар шоҳу ёбем дод.»
Ба зинҳор додан забон дод шоҳ,
К-аз он бад аз эшон набинад гуноҳ.
Забоноваре буд бисёрмағз,
Ки ӯ баркушодӣ суханҳои нағз.
Чунин гуфт, к-«Эй подшоҳи ҷаҳон,
Кунам ошкоро ба ту-бар ниҳон.
Ба бедорӣ акнун сипоҳи гарон
Аз Эрон биёяд, диловар сарон.
Яке шоҳзода ба пеш - андарун,
Ҷаҳондида бо ӯ басе раҳнамун,
Ки бар толиаш-бар касе нест шоҳ,
Кунад буму барро ба мо-бар табоҳ.
Агар бо Сиёвуш кунад шоҳ ҷанг,
Чу деба шавад рӯи гетӣ ба ранг.
Зи туркон намонад касеро ба гоҳ,
Ғамӣ гардад аз ҷанги ӯ подшоҳ.