Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ХОБ ДИДАНИ АФРОСИЁБ ВА ТАРСИДАН

Чу як баҳра бугзашт аз тирашаб Чунон чун касе, к-он биларзад ба таб, Хурӯше баромад зи Афросиёб, Биларзид бар ҷои орому хоб. Парастандагон тез бархостанд, Ба ҳар сӯ яке ғул-ғул оростанд. Чу омад ба Гарсеваз ин огаҳӣ, Ки шуд тира оини шоҳаншаҳӣ, Ба тезӣ биёмад ба наздики шоҳ, Варо дид хуфта бар он хоки роҳ. Ба дар бар гирифташ, бипурсид аз ӯй, Ки «Ин достон бо бародар бигӯй». Чунин дод посух, ки «Пурсиш макун, Магӯй ин замон эч бо ман сухун. Бад-он то хирад боз ёбам яке, Ба бар гиру сахтам бигир андаке.» Замоне баромад, чу омад ба ҳуш, Ҷаҳон дид бо нолаву бо хурӯш. Ниҳоданд шамъу баромад ба тахт, Ҳаме буд ларзон чу шохи дарахт. Бипурсид Гарсевази номҷӯй, Ки «Букшой лаб, ин шигифтӣ бигӯй». Чунон гуфт пурмоя Афросиёб, Ки "Ҳаргиз касе ин набинад ба хоб. Чунон чун шаби тира ман дидаам, Зи пиру ҷавон низ нашнидаам. Биёбон пур аз мор дидам ба хоб, Замин пур зи гард, осмон пуруқоб. Замин хушк, шаххе, ки гуфтӣ сипеҳр Бад-он то ҷаҳон буд, нанмуд чеҳр. Саропардаи ман зада бар карон, Ба гирдаш сипоҳе зи кундоварон. Яке бод бархостӣ пур зи гард, Дурафши маро сар нагунсор кард. Бирафтӣ зи ҳар сӯ яке рӯди хун, Саропардаву хайма гаштӣ нагун. В-аз ин лашкари ман фузун аз шумор Бурида сарону тан афканда хор.