ЧОРА СОХТАНИ СУДОБА ВА ЗАНИ ҶОДУ
Чу донист Судоба, к-ӯ гашт хор,
Наёвехт бо вай дили шаҳрёр,
Яке чора ҷуст андар он кори зишт,
Зи кина ба наввӣ дарахте бикишт.
Зане буд бо ӯ ба парда-дарун,
Пур аз чораву рангу банду фусун.
Гарон буду андар шикам бачча дошт,
Ҳаме аз гаронӣ ба сахтӣ гузошт.
Бад-ӯ роз бикшоду з-ӯ чора ҷуст,
К-аз оғоз паймон-т хоҳам дуруст.
Чу паймон ситад, зар-ш бисёр дод
Сухан, - гуфт,- аз ин дар макун ҳеч ёд.
Яке доварӣ соз, к-ин бифканӣ,
Тиҳӣ мониву рози ман нашканӣ.
Магар, к-ин чунин банд чандин дурӯғ
Бад-ин баччаи ту бигирад фурӯғ.
Ба Ковус гӯям, ки ин аз ман аст,
Чунин кушта бар дасти Аҳриман аст.
Магар, к-ин шавад бар Сиёвуш дуруст,
Кунун чораи ин бибояд-т ҷуст.
Гар ин нашнавӣ, оби ман назди шоҳ
Шавад тираву дур монам зи гоҳ.»
Бад-ӯ гуфт зан: «Ман туро бандаам,
Ба фармону роят сарафкандаам.»
Чу шаб тира шуд, доруе хӯрд зан,
Бияфтояд аз ӯ баччаи Аҳриман.
Ду бачча чунон, чун бувад девзод,
Чи бошад худ аз деви ҷодунажод.
Яке ташти заррин биёвард пеш,
Бигуфт ин сухан бо парастори хеш.
Ниҳод андар ӯ баччаи Аҳриман
Хурӯшиду бифканд бар ҷома тан.
Ниҳон кард занрову ӯ худ бихуфт,
Фиғонаш баромад ба кох аз нуҳуфт.
Дар айвон парастор чандон, ки буд,
Ҳама назди Судоба рафтанд зуд.
Ду кӯдак бидиданд мурда ба ташт,
Аз айвону кайвон фиғон баргузашт.