Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ФИРЕБ ДОДАНИ СУДОБА КОВУСРО

Бизад дасту ҷома бидаррид пок, Ба нохун ду рухро ҳаме кард чок. Баромад хурӯш аз шабистони ӯй, Фиғонаш зи айвон баромад ба кӯй. Яке ғулғул аз коху айвон бихост, Ту гуфтӣ шаби растахез аст рост. Ба гӯши сипаҳбад расид огаҳӣ, Фуруд омад аз тахти шоҳаншаҳӣ. Пурандеша аз тахти заррин бирафт, Ба сӯи шабистон хиромид тафт. Биёмад, чу Судобаро дид рӯй Харошидаву кох пургуфтугӯй. Зи ҳар кас бипурсиду шуд тангдил, Надонист кирдори он сангдил. Хурӯшид Судоба дар пеши ӯй, Ҳаме рехт обу ҳаме канд мӯй. Чунин гуфт, к - «Омад Сиёвуш ба тахт, Баророст чангу баровехт сахт, Ки аз туст ҷону танам пур зи меҳр, Чӣ парҳезӣ аз ман ту, эй хубчеҳр? Ки ҷуз ту касеро нахоҳам зи бун. Чунинат ҳаме ронд бояд сухун. Бияндохт афсар зи мушкин сарам, Чунин чок шуд ҷома андар барам». Пурандеша шуд з-он сухан шаҳрёр, Сухан кард ҳар гунае хостор. Ба дил гуфт, ар ин рост гӯяд ҳаме В-аз ин гуна зиштӣ наҷӯяд ҳаме, Сиёвахшро сар бибояд бурид, Бад-ин сон бувад банди бадро калид. Хирадманд мардум чӣ гӯяд кунун, Хаи шарм аз ин достон гашт хун. Касоне ки андар шабистон буданд, Ҳушивору меҳтарпарастон буданд, Гусӣ карду бар гоҳ танҳо бимонд, Сиёвушу Судобаро пеш хонд. Ба ҳушу хирад бо Сиёвуш гуфт, Ки «Ин роз аз ман набояд ниҳуфт.