Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАФТАНИ СИЁВУШ БОРИ СЕВУМ ДАР ШАБИСТОН

Нишаст аз бари тахт бо гӯшвор, Ба сар барниҳод афсари зарнигор. Сиёвахшро дар бари хеш хонд, Зи ҳар гуна бо ӯ суханҳо биронд. Бад-ӯ гуфт "Ганҷе биёрост шоҳ, К-аз он сон надидаст кас тоҷу гоҳ. Зи ҳар чиз чандон, ки андоза нест, Агар барниҳӣ, пил бояд дувист. Ба ту дод хоҳам ҳаме духтарам, Нигаҳ кун ба рӯю сару афсарам. Баҳона чӣ дорӣ, ки аз меҳри ман Бипечӣ зи болову аз чеҳри ман? Ки то ман туро дидаам, мурдаам, Хурӯшону ҷӯшону озурдаам. Ҳаме рӯзи равшан набинам зи дард, Бар онам, ки хуршед шуд лоҷвард. Кунун ҳафт сол аст, то меҳри ман Ҳаме хун чаконад абар чеҳри ман. Яке шод кун дар ниҳонӣ маро, Бибахшой рӯзи ҷавонӣ маро. Фузун з-он ки додат чаҳондор шоҳ, Биёроямат тоҷу тахту кулоҳ. В-агар сар бипечӣ зи фармони ман, Наёяд дилат сӯи дармони ман, Кунам бар ту-бар подшоҳӣ табоҳ, Шавад тира бар чашми ту ҳуру моҳ». Сиёвуш бад-ӯ гуфт, к-«Ин худ мабод, Ки аз баҳри дил ман диҳам дин ба бод. Чунин бо падар бевафоӣ кунам, Зи мардиву дониш ҷудоӣ кунам. Ту бонуи шоҳиву хуршеди гоҳ Сазад, к-аз ту н-ояд бад-ин сон гуноҳ». Аз он тахт бархост бо хашму ҷанг, Бад-ӯ андаровехт Судоба чанг. Бад-ӯ гуфт: «Ман рози дил пеши ту Бигуфтам, ниҳонӣ бадандеши ту. Маро хира хоҳӣ, ки расво кунӣ, Ба пеши хирадманд раъно кунӣ».