СИПОҲ СУПУРДАНИ СИЁВУШ БА БАҲРОМ
Яке нома бинвишт назди падар,
Ҳама ёд кард андар ӯ дар ба дар,
Ки ман бо ҷавонӣ хирад ёфтам,
Зи кирдори бад рӯй бартофтам.
Аз он оташи мағзи шоҳи ҷаҳон
Дили ман барафрӯхт андар ниҳон.
Шабистони ӯ дарди ман шуд нахуст,
Ба хуни дилам рух бибоист шуст:
Бибоист бар кӯҳи оташ гузашт,
Ба ман зор бигрист оҳу ба дашт.
В-аз он нангу хорӣ ба ҷанг омадам,
Хиромон ба ҷанги наҳанг омадам.
Ду кишвар бар ин оштӣ шод гашт,
Дили шоҳ чун теғи пӯлод гашт.
Наёмад зи ман ҳеч кораш писанд,
Кушодан ҳамону ҳамон низ банд.
Чу чашмаш зи дидори ман гашт сер,
Бари сергашта набошам далер.
Зи шодӣ мабодо дили ӯ раҳо,
Шудам ман зи ғам дар дами аждаҳо.
Надонам, к-аз ин кор гардонсипеҳр
Чӣ дорад ба роз-андарун ҷангу меҳр.
В-аз он пас бифармуд Баҳромро,
Ки андар ҷаҳон тоза кун номро.
Супурдам туро рахту пардасарой,
Ҳамон ганҷи огандаву тахту ҷой.
Дирафшу саворону ҳам пилу кӯс
Чу ояд ба эдар сарафроз Тус,
Чунин ҳам пазируфта ӯро супор,
Ту бедордил бошу беҳрӯзгор.
Зи лашкар гузин кард сесад савор,
Ҳама гурду шоистаи корзор.
Дирам низ чандон, ки будаш ба кор
Зи динору аз гавҳари шоҳвор,
Сад аспи гузида ба зарринситом,
Парастори зарринкамар сад ғулом
Бифармуд, то пеши ӯ оваранд,
Силеҳу сутуру камар бишмаранд.