ФИРИСТОДАНИ СИЁВУШ РУСТАМРО БА НАЗДИ КОВУС
Сиёвуш нишаст аз бари тахти оҷ,
Биёвехт ӯ аз бари оҷ тоҷ.
Ҳаме рой зад, то яке чарбгӯй
Касе, к-ӯ суханро диҳад рангу бӯй.
Зи лашкар ҳаме хост гурди савор
Ки бо вай бисозад магар шаҳрёр.
Чунин гуфт бо ӯ гави пилтан
К-«Аз ин дар кӣ ёрад кушодан сухан?
Ҳамон аст Ковус, к-аз пеш буд,
Зи тезӣ накоҳад, бихоҳад фузуд.
Магар ман шавам назди шоҳи ҷаҳон,
Кунам ошкоро бар ӯ-бар ниҳон.
Бибуррам замин, гар ту фармон диҳӣ,
Зи рафтан набинам ҳаме ҷуз беҳӣ.
Сиёвуш зи гуфтори ӯ шод гашт,
Ҳадиси фиристодагон ёд гашт.
Сипаҳдор биншасту Рустам ба ҳам
Сухан рафт ҳар гуна аз бешу кам.
Бифармуд, то рафт пешаш дабир
Навиштан яке номае бар ҳарир.
Нахуст офарин кард бар додгар,
К-аз ӯ дид нерӯву бахту ҳунар.
Худованди ҳушу забону тавон
Хирад парваронад ҳаме бо равон.
Гузар нест касро зи фармони ӯй,
Касе к-ӯ бигардад зи паймони ӯй,
Зи гетӣ набинад ҷуз аз костӣ,
Бад-ӯ бошад афзуниву ростӣ.
Ҳамон офаринандаи ҳуру моҳ,
Физояндаи бахту тахту кулоҳ.
Аз ӯ бод бар шаҳрёр офарин
Ҷаҳондору аз номдорон гузин.
Расида ба ҳар неку бад рои ӯй
Сутуни хирад бод болои ӯй!
Расидам ба Балху ба хуррамбаҳор,
Ҳамон шодмон будам аз рӯзгор.
Зи ман чун хабар ёфт Афросиёб,
Сияҳ шуд ба ҷом - андараш равшан об.