ПАЙМОН КАРДАНИ СИЁВУШ БО АФРОСИЁБ
Ба шабгир Гарсеваз омад ба дар
Ба сар-бар кулоҳу бубаста камар.
Биёмад ба пеши Сиёвуш, замин
Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин.
Сиёвуш бад-ӯ гуфт: «Чун буд дӯш,
Зи лашкаргаҳи гашну чандин хурӯш?»
В-аз он пас чунин гуфт, к-«Аз кори ту
Пурандеша будам зи гуфтори ту.
Кунун рои ҳар ду бад-он шуд дуруст,
Ки аз кин ҳаме дил бихоҳем шуст.
Ту посух фиристӣ ба Афросиёб,
Ки аз кин тиҳӣ кун сар андар шитоб.
Касе к-ӯ набинад саранҷом бад,
Зи кирдори бад бозгаштан сазад.
Диле к-аз хирад гардад ороста,
Чу ганҷе бувад пурзару хоста.
Агар зери нӯш-андарун заҳр нест,
Дилатро зи ранҷу зиён баҳр нест.
Чу паймон ҳаме дошт хоҳӣ дуруст,
Тани сад, ки пайвастаи хуни туст,
Зи гурдон, ки Рустам бидонад ҳаме,
Куҷо номашон бар ту хонад ҳаме,
Бари ман фиристӣ ба расми наво,
Ки бошад ба гуфтори ту-бар гуво.
Ва дигар аз Эронзамин ҳар чӣ ҳаст
Ки он шаҳрҳоро ту дорӣ ба даст,
Бипардозиву худ ба Турон шавӣ,
Зи ҷангу зи киноварон биғнавӣ.
Набошад ҷуз аз ростӣ дар миён,
Набояд будан чун паланги жиён,
Фиристам яке нома наздики шоҳ,
Магар б-оштӣ боз хонад сипоҳ.»
Барафканд Гарсеваз андар замон
Саворе ба кирдори боди дамон.
Бад-ӯ гуфт: «Хира манеҳ сар ба хоб
Бирав тозиён назди Афросиёб.
Бигӯяш, ки ман тез биштофтам,
Кунун ҳар чи ҷустам, ҳама ёфтам.