Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПАЁМ ДОДАНИ РУСТАМ КОВУСРО

В-аз ин рӯй чун Рустами шермард Биёмад бари шоҳи Эрон чу гард, Ба пеш андаромад ба каш карда даст, Баромад сипаҳбад зи ҷои нишаст. Бипурсиду бигрифташ андар канор, Зи фарзанду аз гардиши рӯзгор, Зи гурдону аз разму кори сипоҳ, В-аз он то чаро боз гашт ӯ зи роҳ. Нахуст аз Сиёвуш забон баркушод, Ситудаш фаровону нома бидод. Чу нома бар ӯ хонд фаррух дабир, Рухи шоҳ Ковус шуд ҳамчу қир. Ба Рустам чунин гуфт: Гирам, ки ӯй Ҷавон асту бад норасида ба рӯй. На, охир ту марде ҷаҳондидаӣ, Баду нек ҳар гунае дидаӣ. Чу ту нест андар ҷаҳон сар ба сар, Ба ҷанг аз ту ҷӯянд шерон ҳунар. Надидӣ ту бадҳои Афросиёб, Ки гум шуд зи мо хӯрду орому хоб? Маро рафт боист, кардам диранг, Маро буд бо ӯ сари пур зи ҷанг. Нарафтам, ки гуфтанд аз эдар марав, Бимон, то басечад сипаҳдори нав. Чу бодафраҳи эзадӣ хос буд, Мукофоти бадҳо бадӣ хос буд. Шуморо бад-он мурдарӣ хоста, Бар он гуна - бар дил шуд ороста. Ба моле, ки вай бистад аз бегуноҳ, Бад-ин сон бупечид сартон зи роҳ. Ба сад турки бечораи баднажод, Ки номи падаршон надоранд ёд, Ҳамон аз гаравгон кам андешад ӯй, Ҳамон пеши чашмаш ҳам он оби ҷӯй. Шумо гар хирадро набастед кор, На ман серам аз печиши корзор. Ба назди Сиёвуш фиристам кунун Яке марди бодонишу пурфусун.