РАФТАНИ ЗАНГА ПЕШИ АФРОСИЁБ
Бишуд Занга бо номвар сад савор,
Гаравгон бибурд аз дари шаҳрёр.
Бибурдаш ҳама хоста, ҳар чӣ буд,
Ки аз пеш Гарсеваз оварда буд.
Чу дар шаҳр солори туркон расид,
Хурӯш омаду дидбонаш бидид.
Пазира шудаш номдори бузург,
Куҷо номи ӯ буд ҷангӣ Тувург.
Чу шуд Зангаи Шоварон назди шоҳ,
Сипаҳдор бархост аз пешгоҳ.
Гирифташ ба бар тангу бинвохташ,
Гиромӣ бари хеш биншохташ.
Чу биншаст бо шоҳ, нома бидод,
Саросар суханҳо бар ӯ кард ёд,
Бупечид аз он нома Афросиёб,
Дилаш гашт пурдарду сар пуршитоб.
Бифармуд, то ҷойгаҳ сохтанд,
Варо чун сазо буд, бинвохтанд,
Сипаҳдори худро бихондаш чу дуд,
Биёмад ба пешаш сипаҳдор зуд.
Чу Пирон биёмад, тиҳӣ кард ҷой,
Сухан ронд бо номвар кадхудой.
Зи Ковусу аз хом гуфтори ӯй,
Зи хӯи баду рою пайкори ӯй.
Ҳаме гуфт рухсора карда дижам,
Зи кори Сиёвуш дилаш пур зи ғам.
Фиристодани Зангаи Шоварон,
Ҳама ёд кард аз карон то карон.
Бипурсид, к-«Инро чӣ дармон кунам,
В-аз ин роҳ ҷустан чӣ паймон кунам?»
Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Эй шаҳрёр,
Анӯша бизӣ, то бувад рӯзгор!
Ту аз мо ба ҳар кор донотарӣ,
Ба ганҷу ба мардӣ тавонотарӣ.
Гумону дилу донишу рои ту,
Нагирад ба дониш касе ҷои ту.
Ҳар он кас, ки бар некуӣ дар ҷаҳон
Тавоно бувад ошкору ниҳон.