ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ АЗ КОВУС
Ҳаюне биёрост Ковусшоҳ
Бифармуд, то боз гардад зи роҳ.
Нависандаи номаро пеш хонд,
Бари тахти хешаш ба курсӣ нишонд.
Яке нома фармуд пурхашму ҷанг,
Паёме ба кирдори тири хаданг.
Нахуст офарин кард бар кирдгор,
Худованди оромишу корзор.
Худованди Баҳрому Кайвону Моҳ,
Худованди неку баду фарру гоҳ.
Ба фармони ӯяст гардонсипеҳр,
В-аз ӯ боз густарда ҳар ҷой меҳр.
Туро, эй ҷавон, тандурустиву бахт,
Ҳамеша бимонод бо тоҷу тахт!
Агар бар дилат рои ман тира гашт,
Сар аз разм ҷустан туро хира гашт,
Шунидӣ, ки душман ба Эрон чӣ кард,
Чу пирӯз шуд рӯзгори набард?
Кунун хира озарми душман маҷӯй,
Бар ин боргаҳ-бар мабар-т обу рӯй.
Манеҳ аз ҷавонӣ сар андар фиреб,
Гар аз чархи гардон нахоҳӣ ниҳеб.
Гаравгон, ки дорӣ, ба даргаҳ фирист,
Ба банд андаровардашон пову даст.
Туро гар фиребад, набошад шигифт,
Маро аз худ андоза бояд гирифт,
Ки ман з-он фиребанда гуфтори ӯй,
Басе боз гаштам зи пайкори ӯй.
Нарафт эч бо ман сухан з-оштӣ
Зи фармони ман рӯй баргоштӣ.
Ту бо хубрӯён биёмехтӣ
Ба бозиву аз ҷанг бугрехтӣ.
Ҳамон Рустам аз ганҷи ороста
Нахоҳад шудан серу аз хоста.
В-аз он мурдарӣ тоҷи шоҳаншаҳӣ
Туро шуд сар аз ҷанг ҷустан тиҳӣ.
Дари бениёзӣ ба шамшер ҷӯй,
Ба кишвар бувад шоҳро обрӯй.