Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар лобалои кулли бало зиндаам ҳанӯз
Дар лобалои кулли бало зиндаам ҳанӯз, Бо душманони дӯстнамо зиндаам ҳанӯз. Озодии батар зи ҷазоро надидаед? Озоди мубталои ҷазо зиндаам ҳанӯз.
Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад, Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад. Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ? Бимон, дар шеъри ман аз да
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан. Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ, Пораи манзарае беш нахоҳам будан.
Маро дар рӯи дунё манзиле буд
Маро дар рӯи дунё манзиле буд, Маро аз кишти дунё ҳосиле буд. Ба дарё мезанам дил, то бидонад, Ки андар соҳилаш дарёдиле буд.
Гаҳе на ёди хурду хоб кардем
Гаҳе на ёди хурду хоб кардем, Ки то рози диле дарёб кардем. Барои ташнагони зиндагонӣ Дили худро шабу рӯз об кардем.
Дарде намекушад маро, бедардӣ мекушад
Дарде намекушад маро, бедардӣ мекушад. Мардӣ намекушад маро, номардӣ мекушад...
Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест
Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест, З-он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам нест. Ин соату ин лаҳзаю ин они гурезон Ҳар рӯзи худо ҳаст, вале рӯзи дилам нест.
Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем
Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем, Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем. Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд, Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.
Дар тароват ҳеҷ боғе беҳ зи боғи гиря нест
Дар тароват ҳеҷ боғе беҳ зи боғи гиря нест, Партави хуршед равшан чун чароғи гиря нест. Майкашон ашки надомат з-он ки ҳангоми шароб Нашъаи осудагӣ ҷуз дар аёғи
Оташе кӯ, ки ба дил сӯзи дигар тоза кунам?
Оташе кӯ, ки ба дил сӯзи дигар тоза кунам? Ин кӯҳан доғи ҷунунро ба ҷигар тоза кунам. Ман, ки савдозадаи ишқу ҷунунам, чӣ аҷаб: Бар сари доғ агар доғи дигар тоз
То ба ғам ҳамдам шудам, аз меҳнату ғам фориғам
То ба ғам ҳамдам шудам, аз меҳнату ғам фориғам, Бо мусибат то гирифтам хӯ, зи мотам фориғам. Пеши сабри мо гирифторию озодӣ якест, Ҳамчу Маҷнун аз баду неки ду
Манам, к-аз захми ғам хӯрдан хурӯшидан намедонам,
Манам, к-аз захми ғам хӯрдан хурӯшидан намедонам, Ба ҷуз хунобаи дил, ҷом нӯшидан намедонам. Ман он парвонаи ишқам, ки гар сӯзад маро шамъам Зи истелои ишқи ӯ х
Баски ниҳодам ба дил доғи таманнои ту
Баски ниҳодам ба дил доғи таманнои ту, Шуъла зад аз синаам оташи савдои ту! Гашт чаман ғарқи хун, баски зи теғи нигоҳ, Хуни асирон бирехт наргиси шаҳлои ту.
Зад шуъла оташе ба дил, эй дида, об ку?
Зад шуъла оташе ба дил, эй дида, об ку? Эй дида, сели ашки туро изтироб ку? Гар нест аҳди кайфи ҷавонӣ чу кимиё, Он нашъаҳои масти аҳди шубоб ку?
Навмед зи дидори ту то чанд тавон буд?
Навмед зи дидори ту то чанд тавон буд? То чанд ба уммеди ту хурсанд тавон буд? Лабташнаву дилхаставу саргаштаву ҳайрон Бо дарду ғами ҳаҷри ту то чанд тавон буд?
Боз мавҷи сели ашкам дам зи тӯфон мезанад
Боз мавҷи сели ашкам дам зи тӯфон мезанад, Чашмасори дидаам паҳлуи Уммон мезанад. Ин сари шӯрида савдои ҷунуне мебарад, В-ин дили девонаам дам аз биёбон мезанад
Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро
Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро? Нозу карашма бас бувад дилшудаи ниёзро. Риштаи дил гиреҳ-гиреҳ шуд ба даруни синаам, Баски ба дил гиреҳ задам оҳи ҷиг
Ҳанӯзам з-оби дида Даҷлае ҳаст
Ҳанӯзам з-оби дида Даҷлае ҳаст, Ниҳон дар дуди оҳам шуълае ҳаст. Сари ҳар хор маҷнуни ғизол аст Ба водӣ то зи оҳу галлае ҳаст.
Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад
Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад, Ба заҳр олуда тири нолае андохтан дорад. Ситамгорон намедонам, киро ғорат кунанд имшаб? Сипоҳи нолаву оҳам ҳавои
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро, Хок бар сар кун ғами айёмро! Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар Баркашам ин далқи азрақфомро.
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро, То бингарӣ сафои майи лаълфомро. Рози даруни парда зи риндони маст пурс, К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро, Ки ба шукри подшоҳӣ зи назар марон гадоро. Зи рақиби девсират ба Худои худ паноҳам, Магар он шаҳоби соқиб мададе диҳад
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро, Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез, Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро, Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро. Шакарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро?
Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт
Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт, Не ҳоли дили сӯхтадил битвон гуфт. Ғам дар дили танги ман аз он аст, ки нест Як дӯст, ки бо ӯ ғами дил битвон гуфт.