Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон798Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум21Аскар Ҳаким17Гулчеҳра Сулаймонӣ14Абдулқодири Бедил13Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Сафаров Эхсон Абдуллоевич1Шамси Табрезӣ1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Шаҳтут

👁 24

Шаҳтути мо шоҳи тут, Медурахшад чу ёқут. Мисли донаи анор, Фақат маро интизор.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Дӯлона

👁 30

Сари кўҳу лаби ҷар Қадди роҳу пушти дар Дўлона марҷон шудаст, Аҷаб фаровон шудаст.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Очаҷон як қисса гӯ

👁 43

Очаҷон, як қисса гў, Як қиссаяки хушрў. Як қиссаи наву соз, Қиссаи дуру дароз.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Бибиҷонам

👁 96

Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд. Аз раҳи дур меояд, Базўр-базўр меояд.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Одами бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст

👁 42

Одами бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст, Лек ҳар дарду ғамеро боз марҳам будааст. Беҳтарин дорую дармоне,ки ман дарёфтам, Бар ҳама ин дарду ғам,Аллоҳ ҳамдам

Умари Хайём
Умари Хайём

Якеро дӯст гуфтам, душманӣ кард

👁 26

Якеро дӯст гуфтам, душманӣ кард, Якеро хуб гуфтам, ман-манӣ кард, Якеро оқилаш хондам чу инсон, Дареғо мисли ҳайвон золимӣ кард.

Ш
Шоири номаълум

Чун булбули маст, роҳ дар бӯстон ёфт

👁 28

Чун булбули маст, роҳ дар бӯстон ёфт, Рӯйи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт. Омад ба забони ҳол дар гӯшам гуфт: "Дарёб, ки умри рафтаро натвон ёфт".

Умари Хайём
Умари Хайём

Эзид чу нахост, он чӣ ман хостаам

👁 26

Эзид чу нахост, он чӣ ман хостаам, Кай гардад рост, он чӣ ман хостаам. Гар ҷумла савоб аст, ки ӯ хостааст, Пас ҷумла хатост, он чӣ ман хостаам.

Умари Хайём
Умари Хайём

Мерасад рӯзе, ки беҳам мешавем

👁 50

Мерасад рӯзе, ки беҳам мешавем, Як ба як аз ҷамъи ҳам кам мешавем. Мерасад рӯзе, ки мо дар  хотирот, Мавҷуби хандидану ғам мешавем.

Ш
Шоири номаълум

Аз миллату аз забони худ ёд кунед

👁 55

Аз миллату аз забони худ ёд кунед, Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед. То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо, Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

То битвонӣ, ранҷа магардон касро

👁 24

То битвонӣ, ранҷа магардон касро, Бар оташи хашми хеш маншон касро. Гар рохати човидон тамаь медорй, Меранч хамешаву маранчон касро.

Умари Хайём
Умари Хайём

Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо

👁 27

Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо, К-эй ринди хароботиву девонаи мо, Бархез, ки пур кунем паймона зи май, 3-он пеш , ки пур кунанд паймонаи мо.

Умари Хайём
Умари Хайём

Бархез, буто, биёр баҳри дили мо

👁 62

Бархез, буто, биёр баҳри дили мо, Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо, Як кӯза шароб, то ба ҳам нӯш кунем, 3-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт

👁 26

Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт, Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт. Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон, Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман он риндам, ки исён пеша дорам

👁 66

Ман он риндам, ки исён пеша дорам, Ба дасте ҷому дасте шиша дорам. Агар ту бегуноҳи рав малак шав, Ман аз Ҳаввову Одам реша дорам!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар

👁 32

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар, Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар. Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ, Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Хазонрезу хазонрезу хазонрез

👁 63

Хазонрезу хазонрезу хазонрез, Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез? Чаро одам надонад қимати умр? Чаро ночиз гардад аз паи чиз?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем

👁 112

Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем, Аз суҳбати ҳамдигар даме осоем. Ҷамъияти ин базм ғанимат шумарем, То боз кӣ донад, ки куҷо ҷамъ оем?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам

👁 28

Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам, Бинед аз куҷо ба куҷо гиря мекунам. Сад оҳ дар гулӯи ман печида, рӯзу шаб Бар тоҷикони зиндаҷудо гиря мекунам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дардову шигифто, аҷали масхарабоз

👁 17

Дардову шигифто, аҷали масхарабоз, Фарқияти мурдагон намебинад соз, Сад зиндадиле бимираду хок шавад, Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ

👁 28

Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ, Бе болу паре ба арш парвоз кунӣ. Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз, Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То ном физоӣ, нафси худро кам кун

👁 24

То ном физоӣ, нафси худро кам кун, Одамгарӣ кун, валек бо одам кун. Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав: Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад?

👁 40

Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад? Бо ҳусни ҷавонӣ дилситонӣ накунад? Ҳар кӣ зи хушиҳои ҷавонӣ дур аст, Беҳтар бувадо, ки зиндагонӣ накунад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бе ту дили ман барои ман зиндон аст,

👁 30

Бе ту дили ман барои ман зиндон аст, Бе ту сари ман чун ду ҷави арзон аст. Ман зинда ҳанӯз, лек бе будани ту Ин хонаи холӣ ҳамчу гӯристон аст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ

👁 27

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ, Обод кунам, ту боз вайрон созӣ. Бо ин ҳама бозию фиребу найранг, Эй умр, зи ман чӣ гуна инсон созӣ?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 23 аз 32